Оё келину хушдоман бо ҳам дӯсту дугонаҳои беҳтарин шуда метавонанд? Чӣ бояд кард, ки миёни ду зане, ки дар ҳаёти ҳар як мард нақши асосиро мебозанд, ҳамеша ҳамдигарфаҳмӣ бошад?
Бонуи оқила, сокини шаҳри Хуҷанд Муяссарахон Маҳмудова дар ин маврид чунин ибрози андеша намуданд:
- Келину хушдоман дугонаҳои беҳтарин шуда метавонанд, чунки ҳарду ҳам як инсонро дўст медоранд. Ҳамроҳ фарзандони аз як инсон ба дунё омадаро тарбия мекунанду дўст медоранд. Мардеро, ки ҳам келину ҳам хушдоман, яке модарвору дигаре ҳамчун ҳамсафари ҳаётӣ дӯст медоранд, барои як хел дўст доштани ду зани барояш дар ҳаёт азиз кӯшиш мекунад. Меҳри модар дигар асту меҳри зани дӯстдошта дигар, ҳарду нотакроранд.
Агар мард дар ҳамсари худ рафторҳои шабеҳи модараш, меҳрубонӣ, ғамхорӣ ва дўстдориро бинад, хурсанд мешаваду меҳраш меафзояд.
Келин амалҳои хушдоманашро такрор карда, ба ҳамсари худ наздиктар мешавад ва бо гузашти замон худаш низ ба хушдоман монанд мешавад.
Агар диққат дода бошед, аксари келинҳо ба модарашон неву ба хушдоман монанд мешаванд. Бовар намекунед? Такрор карда бинед, он гоҳ ҳатман хушбахт мешавед!