Модарам ду келин дорад. Дар байни келинҳояш Шодигул зани камгапу шармгин буд. Касе ба чашмаш нигоҳ кунад, дарҳол сурху сафед мешуд.
Баъди он ки фарзанди чорумашро таваллуд кард, келини хаппак якбора пӯстинашро чаппа пӯшида, тамоман дигаргун шуд. Дар шаҳр зиндагӣ мекунам гуфта, либосҳои аврупоиро ба бар мекардагӣ шуд.
Як рӯз писараш Бахтовар, ки падарашро сахт дӯст медорад, ба хонаам меҳмонӣ омаду аз аҳволашон пурсон шудам. «Аз дасти очаам рӯзам сиёҳ аст, аммаҷон. Очаҷонам хоҳаронамро дӯстдорӣ мекунаду маро ҳар шаб мегирёнад. Бо баҳонаи он ки хоҳарчаам шабҳо хоб намекунад, маро мезанад. Ба хонаи бибиям меҳмонӣ равем гӯям, қиёматро қоим карда, мегӯяд, ки бибии ту ба ман намефорад»,- гуфта, ҷиянам зор-зор гиря кард. Шайтон васваса мекард, ки ба сари янгаи хаппакам рафта, адабашро дода биёям, вале аз тарси он, ки зиндагии акаам вайрон мешаваду як умр дар бало мемонам, дам фурӯ бастаму сабрро пеша кардам. Рӯзе акаам ба ман занг зада, аз рӯйи занаш хеле шикоят кард.
Дилбардорияш намуда, маслиҳат додам, ки сабр кунад, ҳамааш хуб мешавад. Баъди он ки телефонамро хомӯш кардам, дилам тоқат накарда, ба назди акаам омадам. Акаам маро дида, аламҳояш рӯ зада, бо оби дида гуфт: «Хоҳарҷон, дигар тоқат карда натавонистаму ҷавоби занамро додам. Болои ин қадар нағмаҳову корҳои бадаш боз ҳар рӯз модару хоҳаронамро дар наздам сиёҳ мекард. Сабрам лабрез шуду дигар рӯйи хотири фарзандонамро накарда, занамро як талоқ кардаму костюмамро гирифта, аз хона берун шудам. Ҳоло дар ҷои корам шабро саҳар мекунам. Намедонам, ин корам дуруст аст ё не. Дар оянда фарзандонам калон шаванд, маро мебахшида бошанд?” Хонандагони азизи “Оила”, хоҳишмандам маслиҳати хешро аз акаам дареғ надоред.
УМЕДА