Салом! Одатан келинҳо аз хушдоман шикоят мекунанд, вале ман, як зани умраш ба ҷое расида, намедонам илоҷи келини хаппакамро чи хел ёбам.
Ду сол пеш Заррина ном духтареро ба писари кенҷагиам келин кардам. Пеш аз тӯй модараш “Зарринаҷони мо бисёр ҳунарманд аст! Аз ҳар панҷаи духтарам ҳунар мерезад, бар замми ин, оромтабиат ва хоксор аст.
Худованд шуморо хеле дӯст медоштааст, ки чунин келини фариштахислатро насибатон гардонд” гӯён, ӯро ба осмони ҳафтум бароварда буд, вале маълум шуд, ки ҳамааш “реклама”будаасту халос.
Рӯзҳои аввал дар ҳақиқат Заррина духтари ҳунарманд ва шармгин менамуд. Самбӯсаю хӯрданиҳои лазиз мепухт, кору бори хонаро мекард, очаҷон гӯён дар гирдам парвона буд ва ман худоро сад бор шукр мегуфтам, ки чунин арӯси панҷ панҷааш ҳунар ва ширинзабону меҳрубонро насибам гардонидааст, аммо...
Баъди писар таваллуд карданаш якбора буҷули келин асп хест. Аз рӯзе, ки фарзанддор шудааст, дигар дасташро ба оби сард намезанад. Ҳамин, ки шавҳараш ба кор рафт, Заррина бо баҳонаи он ки шаб то саҳар кӯдакаш гиря карда, ӯро хобидан намондааст, дарро аз дарун маҳкам карда, хоб меравад, ҳарчанд қариб яксола шуда бошад ҳам, то ҳол ман ягон шаб садои гиряи набераамро нашунидаам.
Хулоса, мани кампир хона мерӯбам, либос мешӯям ва хӯрок пухта ба табақ мекашаму дарашро тақ-тақ карда, ӯро бедор мекунам ва нону оши тайёрро дар наздаш мегузорам. Келинам хӯрокро хӯрда, ҳатто косаашро ношуста аз дар берун мегузорад ва гӯё чизе нашуда бошад, боз дарашро қулф мекунад.
Рӯз то бегоҳ дар даруни хона Зарринахон чи кор мекунад, намедонам, вале ҳамин ки шавҳараш аз кор баргашт, дарҳол худашро орову торо дода, ҳамроҳи писарчааш ба пеши мошин мешинад ва тамошо мераванд.
Умрам ба ҷое расидаасту кору бори хона бароям душворӣ мекунад, ақаллан як духтар надорам, ки каме ҳам бошад ба ман кӯмак расонад. Ростӣ ман зани оромтабиат ҳастам ва ҳунари бо касе ҷангу ҷанҷол кардан надорам. Хайр, ақлаш ба сараш мезадагист гуфта, қариб як сол боз лаб зери дандон гирифта гаштаам, вале ҳеҷ нест, ки ҳуши келин ба ҷояш омада, аз паси зиндагӣ шавад.
Метарсам, ки агар ба писарам аз болои занаш шикоят кунам, шояд байнашон дилсардию ҷангу ҷидол сар занад. Сарҳисоби корамро гум кардаам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, бо ин келини танбал чи кор кунам?
М, С, сокини шаҳри Душанбе