Салом ба хонандагони сомонаи Оила. ТЧ!
Ман як зани 68-солаи тоҷик мехоҳам мушкилоти зиндагии худро ба шумо қисса карда, маслиҳат бипурсам. Аслан дар ин синну сол ман бояд ба дигарон панду насиҳат хонам, аммо аз дасти келини ҷаллод сарҳисобамро гум кардаам ва дигар чӣ кор карданамро намедонам.
Писарам замони дар хизмати аскарӣ буданаш бо як духтар шинос шуд ва ду пояшро ба як мӯза андохт, ки ба хонаашон хостгорӣ равем. Ростӣ, барои писарам як духтари дигаррон таги чашм карда будам, аммо “дили бачам нашиканад” гуфта, ночор ба хостгорӣ рафтам ва келинро фотиҳа карда омадам. Шаш моҳ пас писарам аз аскарӣ омад ва қарзу қавола карда, бо тӯю тамошо ба хона арӯс фаровардем. Заррина духтари шармгин менамуд, худоро шукр мегуфтам, ки чунин арӯси меҳрубонро насибам гардонидааст, аммо як сол пас келинам дугоник таваллуд карда, пӯстинашро чаппа пӯшид ва одами дигар шуда монд. Якбора ду писар зоидам гуфта, дигар на маро ҳурмату эҳтиром мекунад ва на шавҳарашро писанду манзур, худаш шоҳу табъаш вазир аст!
Маъмулан кору бори хонаро келин анҷом медиҳад, аммо Заррина бо баҳонаи он ки шабҳо ду кӯдак ӯро то саҳар хоб кардан намемонанд, то нисфирӯзӣ хиррос зада хоб меравад. Ману духтарам мисли ду канизак тамоми кору бори хонаро анҷом дода, хонаву ҳавлӣ мерӯбем, либос мешӯем, об мекашнем, хӯрок мепазем. Келини эркаам нисфирӯзӣ чашмонашро молида-молида аз хона мебарояд ва дасту рӯяшро шуста дар сари дастурхн мешинад. Очаю духтар нону оши тайёрро пешаш мегузорем, вале ин арӯси нозгулак ба ҷойи шукрона кардан “афти ин нонро бинанд ё хӯроки пухтаатон шӯр ё бемазза аст”,-гӯён, ҳатман ягон эрод мегирад.
Ҳасану Ҳусейн бо ном модар дошта бошанд ҳам, рӯзи дароз парастории ин ду тифли ширмак бар дӯши ман аст. Албатта нигоҳубини набераҳоям ба ман душворӣ намекунад, вале аламовараш он аст, ки ба ҷойи раҳмат гуфтан келини шаттоҳ ҳамеша ману духтарамро дар назари шавҳараш бад карда, бо гапҳои дурӯғаш моро бо ҳам душман кардан мехоҳад. Дирӯз гапи янгаву қайсингил аз рӯйи кадом коре камтар гурехту бегоҳ занаш писарамро бо хоҳараш ҷанг андохт. Намедонам Заррина боз чи гапҳои дурӯғ бофтааст, ки писарам аз ғазаб девона шуда, хоҳарашро мурданивр лату кӯб кард.
Хайрият, ки ман дар хона будам ва онҳоро халос кардам, вагарна писарам дар сари қаҳр хоҳарашро кушта, худаш зиндон мешуд.
Хулоса, аз дасти ин келинчаки шаттоҳ рӯз надорем. Келини як сол пеш хаппакам баъди дугоник зоидан албастии таппа тайёр шудааст ва дар хонаи худамон моро рӯз намедиҳад.
Дар бистам ҳамагӣ як писару як духтар дорам. Ҳайрон мондаам, ки чи кор кунам. Келини шаттоҳро аз хона пеш кунам гӯям, дилам ба набераҳоям месӯзад, охир онҳо аз хуни писарам ҳастанд ва зиндаятим шуданашонро намехоҳам, рафтори Зарринаро нодида бигирам гӯям, ин арӯси эрка торафт аз худ рафта, тори сарамон баромада истодааст.
Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, ки кор кунам?
Бибихол, сокини ш. Душанбе