Formula novemver 2024
КЕЛИНИ ДУЗД ХУСУРРО "БАНКРОТ" КАРД
8143


Сол то сол паст шудани маърифати хонаводагӣ, аз байн рафтани ҳурмату эҳтиром нисбат ба ҳамдигар, носозгории байни келину хушдоман ва дигар аъзоёни оила боиси торафт афзудани ҷангу ҷанҷолҳои хонаводагӣ ва талоқу ҷудоӣ дар байни ҷуфтҳои ҷавон гашта, рахна ба пойдевори устувори оилаи суннатии тоҷик мезанад.

Ҳарчанд бештари арӯсони ба қавле “сиёҳбахт”дар пош хӯрдани оилаашон падару модар ва дигар пайвандони домодро гунаҳкор месозанд, таҷриба нишон медиҳад, ки дар асл худи келинҳо низ чандон беайб нестанд. Далели равшани ин гуфтаҳо рафтори Мусаллама Абдуллеваи 21-сола мебошад, ки аз сандуқи оҳании падаршӯяш 60 ҳазор доллари амрикоиро ба яғмо бурда, бо ин амали бехирадонааш ба номи неки зан-духтари тоҷик иснод овардааст.

Хабаргузории “Спутник” дар такя ба маълумоти Вазорати Корҳои Дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавонзани 21-солаи тоҷик бо исми Мусаллама Абдуллева бо иттиҳоми дуздӣ хабар додааст. Мусаллама, сокини шаҳри Кӯлоб буда, дар ғорат кардани маблағи калон аз манзили зисти падаршӯяш Қосимов Саидамон муттаҳам дониста мешавад.
Дар хабар омадааст, ки Абдуллева бо истифода аз калид қулфи дари оҳании хонаи хусурашро кушода, маблағи калон-60-ҳазор доллари амрикоии пасандози падаршавҳарашро ба яғмо бурдааст.

Ин келинчаки бе шарму ҳаё худро маликаи ҳақиқӣ тасаввур намуда, бо маблағи дуздидааш ду ЛЕКСУС ва як мошини тамғаи КИА харида, пули боқимондаро ба хариди ҷиҳози гуногуни рӯзгор сарф кардааст. Бо ин амали нангинаш ин келинчаки беандеша натанҳо боиси вайрон шудани оилааш гашт, балки обрӯи худ ва аҳли авлодашро резонда, ҳаёташро бо дасти худаш сӯзонд.

Нисбати ин келини ғоратгар парвандаи ҷиноӣ оғоз гашта, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақмот идома дорад. Дар сурати исбот шудани гуноҳаш келинчаки ғоратгар чанд соли умри ҷавонашро дар пушти панҷараи маҳбас сипарӣ хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД