sebiston july new
Келини ҳамсояро бо шавҳараш оштӣ додаму...
12.08.2024
ОИЛА.ТҶ
1080

Дар ҳамсоягии мо як оилаи ҷанҷолӣ зиндагӣ мекарданд. Писари калонии ин оила Фозил як ҷавони бекорхӯҷаи алкаш бошад ҳам, бахташ баландӣ карда, бо духтари зебо ва боодобу ҳунарманде оиладор шуд.

Зани Фозил ба ҳама нағмаҳои шавҳараш тоқат карда, бо сари хам хизмати хусуру хушдоманашро мекард, вале ман тез-тез аз забони ҳамсар ва модарам мешунидам, ки ба ҷойи шукрона кардан, хушдоману қайсингилҳояш ҳамеша ин келинчакро озор медиҳанд.

Як рӯз шоҳиди ҳодисаи нохуше гаштам. Хоҳаршӯйи хурдиаш, ки бо ду фарзанд аз шавҳараш ҷудо шуда, дар хонаи падару модараш зиндагӣ мекард, дар кӯча аз мӯйҳои зани Фозил маҳкам дошта, янгаашро бераҳмона лату кӯб мекард. Бечора келинчак зор-зор гиря мекард, вале қайсингилаш ӯро раҳо накарда, дашномҳои қабеҳ медод ва муштборону лагадкӯб мекард. Дилам ба ҳолаш сӯхт ва “шарм намедоред?! Бас кунед. Ба худо айб аст” гӯён, базӯр янгаву қайсингилро аз ҳамдигар ҷудо кардам.

Хулоса, зани Фозил дигар ба ҷабру зулми аҳли оилаи шавҳараш тоб наоварда, кӯдаконашро гирифта аз хона баромада рафт. Бечора роҳпулӣ надоштааст, зорию тавалло кард, ки ба вай 50 сомонӣ қарз диҳам, баробари ба хонаи волидонаш расидан аз бародаронаш пул гирифта, қарзамро ба кортам мегузаронад. Ҳарчанд насиҳаташ кардам, ки хоҳар, ин хел накун, ҷангу ҷанҷоли хонаводагӣ мисли борони баҳорӣ гузашта меравад, келинчак гириста-гириста “Акаҷон, худатон нагз медонед, ки шавҳари ман як алкаши бекорхўља аст. Рўзе нест, ки маст омада рўзамро сиёњ накунад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, модару хоҳаронаш ҳар рӯз бо ман ҷангу ҷидол мекунанд. Ҷонам ба лабам расидааст, дигар тоқат карда наметавонам. Худамро мекушам ё баромада меравам” мегуфт.

Мабодо худашро ба дарё напартояд гуфта, маблағи гуфтаашро додам ва келини ҳамсоя ба як таксии деҳаамон нишаста рафт.

Ҳамон бегоҳ Фозил ба сарам омада, доду фиғон бардошт. Бо як азоб ӯро ором намуда, ҳодисаро нақл кардам ва гуфтам, ки агар ман ба занаш пул намедодам, шояд худкушӣ мекард, он гоҳ ҳамаашон дар бало мемонданд. Фозил ин гапро шунида, каме ҳушёр шуд ва зорию тавалло кард, ки ҳамроҳ барои ба хона баргардонидани занаш ба хонаи хусури вай равем. Дар наздаш шарт гузоштам, ки агар арақхӯриро партояд, ҳамроҳаш меравам, дар акси ҳол поямро аз дарвоза берун намегузорам. Фозил розӣ шуд.

Давоми як ҳафта рафторашро назорат карда, дигар арақ нӯшиданашаро надидам. Як ҳафта пас ҳамроҳи Фозил ба хонаи хусураш рафтем ва бо зорию тавалло ҳамсарашро дубора ба хона баргардондем.

Аз ин ҳодиса чанд сол гузашта бошад ҳам, дигар модар ва хоҳарони Фозил бо келинашон ҷангу ҷанҷол ва рӯйканию мӯйканӣ намекунанд, худи Фозил ҳам ба қавлаш вафо карда, шаробро партофт. Акнун вай одами хуб шудааст, кор карда, зану кӯдаконашро мехӯронаду мепӯшонад. Хулоса, онҳо хушбахтанд.

Ин қиссаро ба он хотир нақл кардам, ки мо набояд нисбати тақдири атрофиёнамон бепарво ва бетараф бошем. Ҳаққу ҳамсояҳо, агар чунин оилаҳоро насиҳат кунанд, чандин оилаи ҷавон аз вайроншавӣ наҷот меёбад. Шумо дар ин бора чӣ андеша доред?

Хонандаи Oila.tj

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД