Келинам мисли каждум духтаронамро неш мезанад
16.11.2025
Oila.tj
425

Келинам бо писари ман 8 сол боз зиндагӣ мекунад. Соҳиби ду фарзанд аст. Ба ман ҳам муносибаташ бад нест. Корҳои хонаро мекунад, вале ду духтари маро чашми дидан надорад. Хоҳаршӯйҳояшро бинад, дарҳол авзояш беҷо мешавад.

Шукри Худо, духтарҳоям соҳиби шавҳар ва хонаву дари ободанд, танҳо гоҳ-гоҳ маро хабаргирӣ меоянд. Духтарҳоям, ки аз дар даромаданд, келин қошу қавоқ андохта ба ҳуҷраи худаш медарояд ва то рафтани онҳо дигар аз хонааш намебарояд. Қайсингилҳояш ба ӯ коре надоранд, аммо ин каждум ҳамин ки фурсати муносиб ёфт, албатта онҳоро неш мезанад.

Писари занкалонам ба ҷойи он ки таноби ҳамсарашро кашад, бо ман ҷанҷол карда дар сарам чормағз мешиканад. Аламам омада гиря мекунам. Беҳуда намегуфтаанд:

Сафедори баланд як навдаву сад барги тар дорад,

Писар дар роҳи ишқ афтад, чӣ парвои падар дорад?

Бача, ки зан гирифт, дигар на падару модарро қадр мекардаасту на хоҳару додарро, давлату дунёяш ҳамон занаш мешудаасту халос. Занаш чунон лаҷоми писарамро ба дасти худ гирифтааст, ки мур гӯяд, мемурад. Ба занаш хушомад заданашро дида насиҳат мекунам, ки “писарам, мард бояд андак сиёсат дошта бошад, то зану фарзандонаш ӯро ҳурмату эҳтиром намоянд. Ту ҳамин хел латта шавӣ, занат пагоҳ чӣ қилиқҳое, ки намекунад”. Медонед, писарам дар ҷавоб чӣ мегӯяд? Мегӯяд, ки ман барқасди душманон занамро тори сар карда мегардам, ки сӯхта муранд. Душмани ту кист гӯям, шарм надошта мегӯяд, ки духтарҳои ту ману занамро чашми дидан надоранд, барои ҳамин мудом шӯрандозӣ мекунанд. Ба ин ғуломи зан гап фаҳмонда намешавад. Хуни ҷигар шудаам аз дасти писару келини ношуд.

МАРҲАБО, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД