Холаи Шаҳзода назди модарам омада “хабарҳои нав”-ро ба модарам расонд. Ман низ назди ҳамсоя ширинӣ оварда бо баҳонае нишастам. Шаҳзодахола нақл кард, ки келинҳои авсунаш ҳамроҳи шавҳаронашон баромада ба дигар мамлакатҳо рафтаанду бечора занак бо шавҳараш танҳо мондааст.
“Саҳар меравад мактаб, соати 4 хастаю монда шуда аз мактаб меояд ва базӯр хонаашро рӯбучин мекунад, баъзан мадораш барои хӯрокхурӣ ҳам намемонад. Касе нест, ки ақаллан як чойник чой дам кунам” мегуфт Шаҳзодахола бо дилсӯзӣ. Ҳамсоязан нақлашро идома дода афзуд: “Ростӣ айби худи авсунам ҳам ҳаст, бачаҳояш мегӯянд, ки бо навбат занҳоямонро ба Ватан равон кунем, то ки хизмати шуморо кунанд, вале ин занаки якрав “ман аз қошу қавоқои занотон безорам” гуфта, розӣ намешавад. Ман гуфтам, ки охир заношона чиба равон мекунанд, ҳар моҳ ҳарду писаратон ба шумо $ 50-и равон кунанд, $ 100 мешавад. Як ёрдамчии хуб мегиред, бе миннат кору бори хонаатонро мекунад...”
Аввал ин гапи ҳамсоязан ба назарам шухӣ намуд, аммо каме андеша карда, ба хулосае омадам, ки холаи Шаҳзода рост мегӯяд. Марди оиладор имкони хонаи алоҳида гирифтан дошта бошад, метавонад аз падару модараш ҷудо зиндагӣ кунад, вале барои волидонаш ёрдамчӣ бигирад.
Аслан дар дини мубини ислом гуфта нашудааст, ки келин бояд ҳатман хизмати хусуру хушдоманашро кунад. Ин вазифаи фарзанд аст, ки падару модарашро нигоҳубин намояд. Ин амалро худаш мекунад, аз занаш кӯмак мехоҳад ё барои модару падараш хизматгор мегирад, кори худи ӯст.
Пеш аз никоҳ арӯс гуфта бошад, ки мехоҳад алоҳида зиндагӣ кунад ва ин шартро домод қабул карда бошад, вай ҳақ дорад , ки аз зиндагии якҷоя бо волидони шавҳараш даст кашад.
Хонандагони гиромӣ! Шумо чӣ андеша доред. Зан метавонад аз шавҳараш хонаи алоҳида талаб намояд ё хизмати хусуру хушдоманро кардан дар гардани келин қарз аст?