Sebiston new 2024 october
Келин бояд бо қайсингилаш чӣ гуна муносибат кунад?
2232

Замоне дар ҳалқаи занҳои ҳамсоя нишастаму бобати аъзои хонаводаи шавҳар суҳбат намудем. Яке аз келинҳои ҳамсоя, ки 8 авсуну 4 қайсингил дошт, нақл кард, ки чун охири ҳафта шуд, бачаҳои хушдоманаш якто - якто аз дар медароянду хабаргирӣ меоянд.

"Ман келини хурди хонаву гӯё дари “тайёр” ба ман мондааст. Дегу табақи кампир ба ман “туҳфа” шудааст ваба ин хотир забони ман кӯтоҳ аст. Ин авсун ошхона медаромад як гап мегуфт, дигараш медаромад як гап мегуфт, якеаш худро дӯст нишон медоду дигараш мор барин забонаш чарх мехӯрд...", - нақл кард Фазила.

Ба баёни ӯ, қайсингилҳояш дар баҳсу мунозира ҳамто надошта, дар шиштану аз ҷояш хестан ҳам гап мезаданд. Хушдоманаш низ дар забону даҳон аз касе камӣ надошт.

"Боре қайсингилҳоям ҷамъ шуданду назди модарашон аз ман шикоят карданд. Келинат ҳеҷ кор намекунаду хушдоманашро хуб аҳаммият намедиҳаду фалону беҳмадон... Хушдоманам суханҳои пурмазмуни духтаронашро шунида, гуфт, ман ҳоло ақлам дар ҷояш, дасту поям кор мекунад, гап зада ҳам метавонам, худам аз уҳдаи худаму келинам нагз мебароям. ҳоло ман намурдаам, ки шумо дар зиндагии ман хуҷаин шаведу келини ман ину келини ман вай гуфта фармон диҳед. Ҳар камбудие, ки дорад, худам хуб одами бинову гӯё, дар ҷояшу вақташ мегӯям. Кай, ки соҳиби келин шудед, уҳдаи келини худатонро равед, ана он вақт баъд мебинем", - гуфт ӯ.

Ман ҳам бо ҳавас гуфтам, ки чӣ хел хушдомани нағз доштааст, ки пуштибонаш аст. Оҳооо, хушдомани ман. Даркор шавад дар сих мегираду дар оташ медорад, аммо ба ҳеҷ кас иҷозат намедиҳад, ки ба зиндагии ӯ ва хнаводааш кордор шаванд.

Ин суханҳо қобили ситоиш аст. Фикр мекунам, хушдомане, ки пеши даҳони духтаронашро гирифта метавонад, ба хубӣ аз ӯҳдаи келинаш ҳам мебарояд. Аммо бо хоҳаршӯ чихел муносибат кунем, ки ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад.

Келинҳо ҳам наметавонанд, ки хоҳаршӯяшонро чизе гӯянд. Дар ин бора ҳамсуҳбати дигарамон Фатҳулло Қувватов низ чунин нақл кард.

"Ман як чизро намефаҳмам. Мардуми мо худашон ба дари хонаи духтардор хостгорӣ рафта, бо ваъдаҳои осмонӣ духтарашро келин карда меоранду баъд аз ӯ душман месозанд, гӯё арӯс писарашонро ба зӯрӣ кашида гирифта бошад. Зиндагии духтари ман айнан чунин шуд. Қайсингилҳояш аз рӯзи аввал ӯро бад диданд ва оқибат шӯрандозии онҳо боиси бадбахтии оилаи ҷавон гашт. Хонаи духтарамро вайрон карданд апаву хоҳарони шавҳараш. Духтарам мегӯяд, ки қайсингилҳояш мудом аз зери нохун чирк кофта, ба хӯроки пухтааш ҳам айб мемонданду ба хонаи рӯфтаю либоси шустааш ҳам. Хулоса, коре мекарданд, ки шавҳараш ӯро занад. Борҳо баъди муноқишаҳои оилавиашон духтарам гирёну нолон ба ман занг зада, шиква карда буд, вале ҳар дафъа ӯро насиҳат мекардам, ки сабр кунад, зеро меваи сабр ширин аст. Гумон доштам, ки ягон рӯз ақли қайсингилҳояш ба сарашон мезанад, лекин одам нашуданд. Дафъаи охири бо балвои хоҳаронаш духтарамро мурданивор задани шавҳараш косаи сабрам лабрез гашту домодро лагадкӯб карда, маҷбураш намудам, ки талоқашро диҳад. Ҳамин тавр, духтарам дар 22-солагӣ танҳошуд. Касе мегӯяд, ки қайсингил душмани ҷони янга аст, рост мегӯяд".

Дар ҳамин ҳол, Азиз Мирзоев, сокини шаҳри Бохтар гуфт, мардонро низ дар чорроҳа мондаанд. Ҳангоми муноқиша шавҳар бояд тарафи киро гирад, намедонад, зеро агар занро бегуноҳ гӯӣ, занкалон мешавӣ, вале агар хоҳарро пуштибонӣ кунӣ, ё таоми шӯр мехурӣ ё умуман намехӯрӣ.

Аз идора: Шумо дар ин бора чӣ назар доред? Келин бояд бо қайсингилаш чӣ гуна муносибат кунад?

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Зафар 2023-09-28, 16:21
Мард ки латта шуд, на зан гунахкору на апаву на хохар. Мард агар сиесату акл дошта бошад, касе дар хона баланд гап намезанад.
Посух
Камолов Манучехр 2023-10-02, 15:01
Асалому алейкум варахматуллохи вабаракатуху,салому дуруди Худованд ба Шумо бод,баъдан ба номи Худованди бахшандаи мехрубон. Аввалан ман ба иззати нафси ягон кас расидани нестам хастан духтархое ки намозхону куръонхон худотарс бо акл бо маърифат ки падару модари худро апаву хохарони худро хурмату эхтиром мекунанд умуман ба хонаводаи худ соз хастанд якдигарфахми мекунанд як дигарашонро дастгири мекунанд ба як дигар бади бахили намекунанд кина намегиранд дар дил,ва агар чанде ки янгадор хам шаванд хурмату эхтиром мекунанд зани Акашонай зани додаршонай этиром мекунанд ба як дигар хамдигарфахми мехрубони мекунанд.
Посух
Камолзода Манучехр 2023-10-02, 15:14
Асалому алейкум варахматуллохи вабаракатуху салому дуруди худованд ба Шумо бод баъдан ба номи худованди бахшандаи мехрубон.Ман нисбати Келину,Хуштоман,Яна,Хевар,Хусур бисёр чизхо гуфтани хастам. Аслан мард ба зангири расид яъне гуфтани хастам ки мард бояд чои кори доими дошта бошад ва баъдан метавонад ки зангирад.Пеш аз оне ки Хуштоман Келини боаклу бо сабр намозхон куръонхон мекобад аввал ба фарзандони худ бинигарад.Вакте ки мард зан мегирад бояд ки зани худро хуронда пушонда тавонад,ва хусуру хуштоман Келини худро хаммчун фарзанди худ кабул кунад на бегона.Кайсунгул хак надорад ки тарафи Янгаш гуяд ки ту ин коро кун ё ин коро накун дар ин хак надорад ва бояд ба зиндагии зани Акаш ё додараш дахолат накунад,ва Келин хак надорад ки бе ичозати Шавхараш аз хона баромада равад .
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД