Маҳсулоти лозима:
125 грамм равғани маска, 100 грамм шакар, 2 тухм, 150 грамм панири фаллагӣ, пӯчоқи 1 дона лимӯ, 200 грамм орд, 1 қошуқча моддаи ковоккунанда.
Тарзи таҳия:
Дар блендер равғани маскаро бо шакар лат зада, тухмҳоро илова кунед. Баъдан шарбату пучоқи резаи лимӯ, панири фаллагӣ, орду моддаи ковоккунандаро илова намоед. Ба қолаби пухтупазӣ равғани маска молида, каме орд пошеду хамирро ҷойгир карда, дар тафдони ҳарораташ 180 дараҷа муддати 50 дақиқа пазед.