Маҳсулоти лозима:
200 гр орд, 150 гр шакар, 150 гр равғани офтобпараст, 4 тухм, 2 қошуқча моддаи ковоккунанда, 50 гр хокаи шакар, 4 қошуқ шарбати лимӯ.
Тарзи таҳия:
Шакарро бо пӯчоқи лимӯ омезиш дода, ба он тухму равған ва орду моддаи ковоккунандаро илова кунед. Хамири ҳосилшударо дар ҳарорати 180 дараҷаи тафдон муддати 30-40 дақиқа пазед. Барои глазур хокаи шакар ва шарбати лимӯро нағзакак омезиш дода, баъди хунук шудани кекс ба рӯяш резед.