Дар ҷомеаи мо бештар кӯшиш мекунанд, ки кӯдаконро таърифу тавсиф накунанд.
Аксарият бо мақсади он ки кӯдак аз худ рафта, беодоб ва нописанд нашавад, ба ҳар амале, ки кӯдакону наврасон анҷом медиҳанд, баҳои паст дода, фарзандони худро ноӯҳдабаро ва ноқобил мехонанд.
Оё ин рафтори волидон ва калонсолон дуруст аст? Кӯдак аз танқид боодобу гапдаро мешавад ё аз таърифу тавсиф?
Равоншиносон чӣ мегӯянд?
Илми равоншиносӣ пайваста танқид кардани кӯдакону наврасонро маҳкум мекунад ва ин рафтори калонсолонро ҳамчун як монеаи бузург барои рушди ақлонии кӯдакон меҳисобад.
Фаридун Маҳмудов равоншиноси кӯдакона дар боби тарзи муносибат бо кӯдакон чанд маслиҳати судмандро ба волидон пешкаш карда, роҳҳои беҳтарини роҳ ёфтан ба дили наврасонро нишон додааст.
Мехоҳед донед, ки бо кадом суханҳо бояд кӯдаконро васфу ситоиш намуд, то ки ба ояндаи фарзанди шумо таъсири мусбат расонад, пас муттаваҷҷеҳ бошед!
1. Кӯдакро ба дигарон муқоиса накарда, бояд таърифу тавсиф намуд.
2. Кӯдакро бо давраи пешинааш бояд муқоиса кард.
3.Дар рафтору кирдори фарзандатон ҷиҳатҳои хубашро ёфта, ӯро таъриф кунед.
4. Вақте ки дар боби муввафақиятҳои кӯдак мегӯед, дар баробари натиҷаҳои ба даст оврадаи ӯро ситоиш намудан, ҳамзамон раванди ба мақсад расиданро низ бигӯед.
5. Самимона таъриф кунед, зеро кӯдак инро ҳис мекунад.
6. Баъди таъриф кардан кӯдакро танқид накунед.
Намунаҳои таъриф кардани
кӯдак инҳоянд:
1.Ту бисёр саволҳои аҷоиб медиҳӣ, хело хуб аст, ки ин мавзӯҳо бароят муҳиманд.
2. Рангҳои хеле зеборо интихоб кард, ки расми туро зеботар кардаанд.
3. Аз ту дар оянда рассом, ҳунарманд, донишманди хуб мебарояд. Вобаста ба завқи кӯдак касбашро ифода мекунед.
4. Фикрҳои хуб дорӣ, ки онҳо аҷоиб ва ғайриодӣ ҳастанд. Аз ту омӯхтан мумкин аст.
5. Ту аҳамият медодагӣ шудаӣ. Аввал ба ин чизҳо аҳамият намедодӣ. ин шаҳодати калон шудан аст ва оқилии туро нишон медиҳад.
6. Ман мебинам, ки ту чӣ андоза кӯшиш карда истодаӣ ва ман бо ту фарх мекунам.
7. Ростқавлии ту муносибати моро қавӣ карда истодааст. Раҳмат барои ҳақиқатгӯӣ ва барои ба ман бовар карданат. Ин бароям арзиши бузург дорад.
8. Хуб аст, ки ту мустақил ва масъулиятшинос ҳастӣ ва ман метавонам, ки дар оянда ба ту такя кунам.
Фаридун Маҳмудов дар охири суҳбаташон махсусан қайд карданд, ки волидонро зарур аст, ки ба ҳар як фарзанд вобаста ба сину сол, ҷинс, табиат ва хулқу рафтораш дар алоҳидагӣ суҳбат кардан муҳим аст, зеро онҳо ин ҳолатро ҳамчун муқоиса кардан ба дигар кудакон қабул намекунанд ва ҷомеа ба ҳар як кӯдак муносибати дигар мекунад.