Sebiston new 2024 october
Кӯдаконро чӣ тавр аз гармӣ муҳофизат кардан мумкин аст?
736

Аксарият гумон мекунанд, ки кӯдакон дар фасли тобистон рӯзи дароз дар зери офтоби сӯзон гашта, бемор мешаванд, вале дар асл сабаби бемор шудани бачаҳо танҳо офтобзадагӣ нест.

Зарбаи гармӣ ва зарбаи офтоб як чиз нест. Муддати тӯлонӣ дар ҳуҷраи аз ҳад гарм, автобуси пуродам, сауна ва дигар ҷойҳо қарор доштан низ метавонад сабаби беморӣ гардад.

Нишонаҳои таъсири гармӣ

Вақте ки кӯдак бар асари зарбаи гармӣ бемор мешавад, дар ӯ нишонаҳои вайроншавии шадиди узвҳои бадан дида мешавад. Дар чунин ҳолатҳо кӯдак бештар аз дарди сар ва сарчархзанӣ азият кашида, беҳолу бемор ва хоболуд мешавад.

Нишонаҳои офтобзадагӣ

Кӯдакро офтоб зада бошад, тамоми аъзои баданаш дард карда, кори майнаи сар вайрон мешавда. Сари кӯдак сахт дард карда, беҳолу бемдор мегардад. Ҳарорати баданаш баланд мешавад. Организми кӯдак моеи зиёдеро аз худ берун намуда, ин боиси хушк шудани оби бадан гашта метавонад.

Барои пешгирии чунин ҳолат чӣ бояд кард?

1. Дар давоми рӯз кӯдакро аз нурҳои бевоситаи офтоб дур нигоҳ доред. Пӯсти кӯдакони то як сола хеле нозук буда, нурҳои офтоб тез ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

2. Ба кӯдак либосҳои сабук, озод ва ранга, ки аз матоъҳои табиӣ, махсусан пахта омода шуда бошанд, пӯшонед.

3. Ба кӯдак ҳангоми берун баровардан ҳатман кулоҳ пӯшонед ё рӯймолчаи пахтагин бандед, то сарашро аз гармии шадид эмин нигоҳ дорад.

4. Ба фарзандатон пайваста об диҳед, оби оддӣ.

5. Кӯдакро дар гармӣ маҷбур накунед, ки хӯрок хӯрад. Ба ӯ ҳар чизеро, ки худаш мехоҳад, бидиҳед, ба монандӣ мева ё сабзавот. Хӯроки шом ҳам набояд вазнин бошад - аз хӯрокҳои равғанин ва бирён худдорӣ кунед.

6. Рӯзона барои хоби бароҳати кӯдак дар ҳавои тоза ва салқин шароит фароҳам оред.

Ҷои хатарноктарин барои кӯдакон дар фасли гармо ва дигар фаслҳои сол мошин мебошад. Аз рӯи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва идораи нақлёт кӯдакони то 7-соларо дар мошин танҳо ва беназорат гузоштан манъ аст. Зимни як тадқиқоте, ки дар Донишгоҳи Ҷорҷияи ИМА гузаронида шуд, муайян карда шудааст, ки ҳарорати 30ºС-и ҳавои берун дар дохили мошине, ки дар таваққуфгоҳ истодааст, ба 50ºС баробар мешавад ва дар ҳарорати 40ºС аллакай 71ºС мешавад.

Баъди аз ҳавои гарм ба хона баргаштан кӯдакро дар хонаи салқин нигоҳ доред, либосҳояшро кашед, то ки гармии баданаш берун барояд. Метавонед ӯро оббозӣ дароред, вале на дар оби хунук. Бояд ҳарорати об то 20 дараҷа бошад.

Баъд аз ин амалҳо кӯдак агар худро беҳтар ҳис накард, ба духтур муроҷиат кардан ҳатмист.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД