Кӯдакони аз 6-моҳа то 5-сола бар зидди бемории сурхакон ва гулафшон иммунизатсия карда мешаванд. Дар ин бора аз Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика хабар додаанд.
Маъракаи иммунизатсияи кӯдакон аз 26-уми октябр оғоз ёфта, то санаи 6-уми ноябр идома хоҳад кард. Дар ин давра ба ҷуз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор Ваҳдат, Варзоб, Исфара, Данғара, Шаҳритус, Кушониён, Восеъ, Вахш, Фархор, Панҷакент ва Қубодиён, ки соли гузашта маъракаи иммунизатсияро ба муқобили ин бемориҳо гузаронида буданд, дигар дар тамоми минтақаҳои кишвар кӯдакони аз 6 моҳа то 5 сола бар зидди сурхча ва гулафшон эм карда мешаванд.
Дар доираи маъракаи иммунизатсия 818 ҳазору 399 кӯдак бояд эм карда шаванд. Барои эмгузаронӣ ба ҷумҳурӣ 863 ҳазору 500 воя ваксинаи зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон, ки истеҳсоли Ҳиндустон мебошад, оварда шудааст.
Гуфта мешавад, ки соли равон зиёда аз 700 нафар кӯдакон ба бемории сурхакон мубтало гаштаанд ва ҳадаф аз иммунизатсия пешгирии ин беморӣ мебошад.
Дар маҷмуъ аз аввали соли 2026 то 23-юми сентябр дар Тоҷикистон 3873 нафар бо гумони гирифторӣ ба бемории сурхакон сабти ном шуда, аз ин теъдод 707 тан дар ҳақиқат ба сурхча мубтало будаанд. Натиҷаи ташхиси дигарон тоза баромадааст.
Сурхча бемории сироятии хавфнок буда, тавассути ҳаво босуръат паҳн мешавад ва метавонад оризаҳои вазнинро аз қабили илтиҳоби шуш ва мағзи сар ба бор орад. Гулафшон низ бемории сироятӣ буда, барои занони ҳомила хатари ҷиддӣ дорад, зеро сироят ёфтан дар ин давра метавонад ба тифли дар батни модар буда зарари ҷиддӣ расонад.