arzon replenishment
Кӯдакони ангуштмак солимтаранд?
1495

Системаи иммунии кӯдаконе, ки аз хурдӣ ангушт мемаканду нохун мегазанд, нисбат ба кӯдакони дигар қавитар аст.

Бинобар таҳқиқоте, ки дар Зеландияи Нав гузаронида шуд, кӯдакони ангуштмак ва нохунгаз бо сабаби чунин одаташон нисбат ба дигарон бештар гирифтори микроб ва бактерия мегарданд. Аз ин лиҳоз, системаи иммунии онҳо бо ҳаргуна бактерия ва микробҳо додугирифт намуда, онҳоро мешиносад ва алайҳи онҳо дар оянда ҳам чораҷӯиҳои лозимаро ба роҳ мемонад.

Дар доираи таҳқиқот коршиносон ҳазор нафар кӯдакони нохунгаз ва ангуштмакро аз синни 5-солагӣ зери назорат қарор доданд. Маълум гашт, ки вақте ин кӯдакон ба синни 13-солагӣ расиданд, бунияи онҳо нисбат ба бунияи дигар кӯдаконе, ки чунин одатро надоранд, қавитар ва нисбати ҳар гуна аллергияҳо тобовартар аст. Ҳамчунин маълум гашт, ки чунин кӯдакон ба чанги хона, гурба ва саг барин ҳайвоноти хонагӣ аллергия надоранд.

Дар ин миён бояд қайд кард, ки одати нохунгазӣ ва макидани ангуштони ифлос метавонад бемориҳои дигарро низ ба миён орад. Аз ин рӯ, беҳтар мешавад, ки нисбат ба беҳдошти кӯдак (гигена) боэътино бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД