Sebiston new 2024 october
Кӯдаконатонро аз пневмония, менингит ва сепсис муҳофизат намоед
796



Шурӯъ аз имрӯз то 30 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ байни кӯдакони осебпазир гузаронида мешаванд.

Дар ин хусус Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бо мақсади таъмин намудани амнияти солимии аҳолии мамлакат, пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда гузаронида мешаванд.

“Иммунизатсия комилан ройгон буда, кӯдкони аз 15-моҳа то 5-сола бо он фаро гирифта мешаванд. Барои ин модарон бояд кӯдакони худро ба наздиктарин нуқтаи саломатии маҳалли зисташ бурда, вояи мазкурро қабул кунад”, - хабар доданд аз Маркази мазкур ба Oila.tj

Таъкид гардид, ки шуруъ аз имрӯз кӯдаконе эм карда мешаванд, ки то ин сана ба 2-моҳагӣ расида бошанд. Маҳз ин кӯдакон бо навбат пас аз гирифтани вояи 1-ум вояҳои дуюму сеюми ин ваксинаро бояд аз рӯи муҳлатҳои дар Тақвими миллии иммунизатсия муайяншуда гузаранд.Барои пурра таъмин намудани масъунияти қавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ ҳар кӯдак бояд се вояи ваксинаи мазкурро қабул кунад.

Мувофиқи Тақвими миллии иммунизатсия, кӯдакон ваксинаи зидди сирояти пневмококкиро (ВПК) дар 2 моҳагӣ, 4 моҳагӣ ва 12-моҳагӣ бояд қабул кунанд. Ваксинаи интихобшуда кӯдаконро аз 10 намуд серотипҳои паҳншудатарини сирояти пневмококкӣ муҳофизат мекунад.

Тавре ки Умед Қурбонов директори филиали Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” дар минтақаи Бохтар ва роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар вилояти Хатлон зимни суҳбат бо мо гуфт:

“Бемориҳои пневмококкӣ гурӯҳи бемориҳоест, ки барангезандаашон пневмококк мебошад. Ваксинаи пневмококкии ғайрифаъолкардашудаи 10 валента бо номи СИНФЛОРИКС, ки айни замон истифода бурда мешавад, аз 10 намуд серотипҳои пневмококк муҳофизат мекунад. Пневмококкҳо тавассути қатраҳо ба воситаи рохҳои нафаси шахсони бемор паҳн мешаванд, яъне аз шахс ба шахс тавассути сулфазанӣ, атса ва тамоси наздик паҳн мешавад. Агар кӯдак сулфаи беист ё нафастангӣ ва ё дигар нишонаҳои вазнини бемориро дошта бошад, бояд фавран ба ёрии тиббии тахассусӣ муроҷиат намуд. Табобати саривақтӣ метавонад оризаҳои вазнини беморӣ ва фавтро пешгирӣ кунад. Қоидаи мазкур инчунин ба тамоми кӯдакони иммунизатсияшуда низ тааллуқ дорад.”

Ба таъкиди муттахассис, кӯдаконе, ки ваксинаи пнемококкиро қабул мекунанд, танҳо аз бемориҳои пневмония ва менингите, ки сабабгорашон пневмококкҳо мебошанд, эмин нигоҳ дошта мешаванд. Новобаста аз иммунизатсияи қабулкардаашон, ба ҳар ҳол онҳо метавонанд ба ин бемориҳо гирифтор шаванд, агар барангезандаи бемориашон дигар намуд микроорганизмҳо бошанд.

“Илова бар иммунизатсия, мебояд дигар усулҳои муҳофизати кӯдаконро аз гирифторшавӣ ба бемории пневмония истифода бурд, инҳо истеъмоли ғизои солим, шири модар, илова намудани руҳ (цинк) дар ғизо, пешгирӣ намудани ифлосшавии ҳаво дар дохили биноҳо ва ғайраҳо”, - гуфт Қурбонов.

Ба баёни ӯ, муҳим он аст, ки волидайн фарзанди худро барои иммунизатсия ба муассисаи тиббии ҷойи зисти худ, ки дар он ҳуҷраи иммунизатсия ташкил карда шудааст, баранд, зеро дар сурати ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои номатлуби ғайричашмдошт маҳз ба ҳамон муассисаи тиббии худ муроҷиат кардан осонтар мешавад. Ғайр аз ин, ба кормандони тиб осонтар мешавад бо волидайн дар тамос будан, агар кӯдаконашон аз ягон ваксина боз монда бошанд.

Бояд гуфт, ки давоми солҳои охир миллионҳо кӯдак бо ваксинаи зидди сирояти пневмококкӣ иммунизатсия шуда буданд ва ин ваксина самаранокию бехатарии худро нишон додааст. Дар ҳолатҳои хеле кам дар баъзе аз кӯдакон аксуламалҳои сабук ба монанди дардмандӣ ва варам дар ҷойи тазриқ, баландшавии ҳарорати бадан ба вуқӯъ меояд, одатан чунин ҳолатҳо кӯтоҳмуддат мебошанд.

Гулҷаҳон Азизова, табиби кӯдакона, зимни суҳбат бо Oila.tj таъкид кард, ки воридкунии чанд ваксина дар як рӯз барои кӯдак бехатар мебошад. Ваксинаи пневмококкӣ дар як вақт бо дигар ваксинаҳои Тақвими миллии иммунизатсия ба монанди пентавалентӣ, Рота, ИПВ ва ОПВ ворид карда мешавад. Аз ин лиҳоз, барои гирифтани ваксинаи пневмококкӣ ташрифи иловагӣ ба муассисаи тиббӣ лозим намеояд.

“Пневмония, менингит ва сепсис-сабабҳои маъмултарини фавт ва маъюбӣ байни кӯдакон ба ҳисоб мераванд. Ваксинаи пневмококкӣ барои дар байни кӯдакон паст намудани хатари бемории пневмония, менингит ва сепсис, ки сабабгорашон пневмококкҳо мебошанд, кӯмак мерасонад. Дар як вақт гузаронидани иммунизатсия бо ваксинаи пентавалентӣ, ки дар таркибаш қисми гемофилии шакли b дорад бо ваксинаи пневмококкӣ-бехатар аст. Илова бар ин, ҳар ду ваксинаҳо барои нигоҳ доштани кӯдакон аз ду микроорганизмҳои хавфнок ва паҳншуда, ки боиси пневмония ва менингит дар кӯдак мешаванд, самарнок ба ҳисоб мераванд”, - гуфт ин табиб.

Бояд гуфт, ки сирояти пневмококкӣ яке аз мушкилиҳои ҷиддии тандурустии ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, боиси афзоиши бемориҳои вазнин, чун менингит, сепсис ва илтиҳоби шуш, инчунин бемориҳои сабуктаре, ба монанди отити гӯш, синусит ва бронхит мегардад. Бар асоси арзёбиҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳар сол дар дунё беш аз ним миллион кӯдаки то 5-сола аз бемориҳои пневмококкӣ мефавтанд.

Тибқи омори СҶТ, то имрӯз 161 кишвари олам аз чунин намуди эмгузаронӣ истифода менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати 162-юм ба шумор меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД