Sebiston new 2024 october
Кӯдаки ширмакро ба боғча додан мумкин аст?
831

Салом! Ман ҷавони 21-солаи модари як фарзанд ҳастам ва мехоҳам дар як масъалаи муҳим аз кормандон ва хонандагони сомонаи Оила. ТЧ маслиҳат бипурсам. Шавҳарам бо амри тақдир ҷавонмарг шуд ва фарзандам ҳанӯз ба дунё наомада, ятим гашт.

Албатта падару модарам кӯшиш мекунанд, ки ману кӯдакамро аз ҳама ҷиҳат таъмин намоянд, то ки танҳоии худро ҳис накунем, вале ман намехоҳам як умр сарбории онҳо бошам. Писарчаам шашмоҳа аст ва танҳо шири модар мехӯрад. Ман мехоҳам дар як-якунимсолагиаш ӯро ба боғчаи бачагона супурда ба кор бароям. Фаҳмидан мехостам, ки барои ин бояд кӯдакамро аз шири сина барорам ё тифли ширмакро низ ба боғча додан мумкин аст? Агар кӯдаки ширмакро ба боғча диҳӣ, ӯро хумори шири модар гирифта ғаш намекунад?

Посух

Маъмулан тифлаконро баъди якунимсолагӣ ба боғча-ширхоргоҳ қабул мекунанд. Дар масъалаи одат кардани кӯдак ба боғчаи бачагонабошад, аслан хавотир нашавед, зеро тифлакони якуним-дусола назар ба кӯдакони се-чорсола ва калонтар тезтар ба зиндагӣ дар боғчаи бачагона одат мекунад.

Ба ҳар сурат, яку-якбора кӯдакро рӯзи дароз дар боғча намонед. Рӯзҳои аввал як ду соат дар боғча буданаш кофист, баъд оҳиста-оҳиста вақтро зиёдтар кардан мегирад. Дар давоми як моҳ тифлак оҳиста-оҳиста ба муҳити боғча одат мекунад ва қатори дигар кӯдакон бе синаи модар хоб меравад.

Аммо барои пурқувват шудани ҷисмаш баъди шашмоҳагӣ кам-кам ба кӯдак ғизои иловагӣ додан лозим аст, то ки организмаш беҳтару хубтар рушд намояд. Шумо метавонед ба фарзандатон шалваҳои тайёр, ки дар мағозаҳо фурӯхта мешавад (каша) диҳед. Ба тифлак баъди шашмоҳагӣ кам-кам оби сабзавот ва мевагӣ ( масалан оби сабзӣ, себи аз тарошак гузаронидашуда) додан мумкин аст.

Дар оғоз ба кӯдак ҳамагӣ як -ду қатра оби сабзавот ё мева дода, баъдан бо мурури замон онро кам-кам зиёд кардан мегиред, вале дар баробари ин кӯдак бояд аз шири модар маҳрум нагардад. Таҷриба нишон медиҳад, ки тифлакони то дусолагӣ шири модарашонро хӯрда, назар ба кӯдаконе, ки бо шири сунъӣ ба воя мерасанд, саломатиашон беҳтар буда, ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ ва ҳам аз назари ақлонӣ беҳтар рушд менамоянд, бинобар ин, ҳаргиз барои боғча шуда, фарзандатонро аз шири сина ҷудо накунед.

Субҳ, пеш аз кӯдакро ба боғча супурдан шикамчаашро сер кунед, давоми рӯз ба кӯдак дар боғча шавла ё хӯроки дигар медиҳанд, бегоҳ боз писарчаатонро шири сина медиҳед. Ҳамин тавр кӯдак бо ғизои рангоранг ба воя мерасад. Фарзадатонро дар яксолагӣ ба боғча доданӣ бошед, донед, ки мувофиқи қонун дар тамоми корхонаҳо ба занҳои тифли ширмак дошта то якунимсолагии кӯдак вақти танаффус барои синамаконӣ дода мешавад. Шумо метавонед дар ин вақт ба боғча рафта фарзандатонро сер кунед ё шири худро ҷӯшида фиристед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД