Кӯдаки мусулмон чи гуна сафирро мот кард?
Дар Бағдод, ки чанд аср пеш маркази илмии ҷаҳони ислом буд, уламои зиёде зиндагӣ мекарданд. Ривоят мекунанд, ки шоҳи Рум сафири худро ба Бағдод фиристод ва аз ӯ хост, ки бо се савол мусулмононро имтиҳон кунад.
Сафир вақте ба шаҳри Бағдод расид, халифаро аз хоҳиши подшоҳи Рум огоҳ кард. Халифа фармуд, ки уламои шаҳрро дар қаср ҷамъ кунанд ва сафир ба минбар баромаду ба олимон рӯ оварда гуфт:
-Ман ба шумо аз шоҳам се савол овардаам,агар ҷавоби дуруст диҳед, соҳиби пулу мли зиёд мешавед, агар ба савлҳо ҷавоб дода натавонед, мот хоҳед шуд.
Олимон хҳиш краданд, ки савлҳояшро бигӯяд. Сафир бо виқор гуфт:
1. Пеш аз Худо чӣ буд?
2. Оё Худо метавонад дар як лаҳза ҳама чизро бубинад?
3. Худо ҳоло чӣ кор мекунад?
Дар байни уламо хомушӣ хукмфармо гашт, онҳо намедонистанд дар ҷавоб чи гӯянд. Ҳамин вақт садои нарми кӯдаконае баланд шуд:
-Дадаҷон, иҷозат диҳед ман ба саволҳои ин мард ҷавоб диҳам!
Ин садои писараки хурде буд, ки аз паси падараш ба дарбр омада буд. Бо ишорати халифа ба писарак иҷоза доданд, ки сухан бигўяд. Сафир ба ин бачаи хурдсол рӯ оварда саволи аввалинашро такрор кард:
- Пеш аз Худо чӣ буд?
Писарак ба ин савол бо савол ҷавоб дода пурсид:
-Шумо ҳисоб карда метавонед?
-Бале, -гуфт сафир.
-Пас аз даҳ ба поён ҳисоб кунед!
Сафир ба шумурдани «даҳ, нӯҳ, ҳашт» шурӯъ кард ва ниҳоят дар «як» истод.
-Чаро истодед?-пурсид писарак.
-Магар пеш аз як рақами дигаре ҳаст?!-Бо тааҷҷуб гуфт сафир.
- Агар пеш аз 1, ки адади оддӣ аст, чизе набошад, чӣ гуна метавонад пеш аз Худо ягон чизи дигар бошад?! Аллоҳ аввалу охир аст, зоҳиру ботин аст,-гуфт писарак.
Сафир ба ин посух эътироз карда натавониста, саволи дуюмро дод:
- Оё Худо метавонад дар як лаҳза ҳама ҷо ва ҳама чизро бубинад?
-Илтимос, як биёред ва онро дар байни қаср гузошта даргиронед,-хҳиш кард писар.
Вақте ки шаъмро равшн карданд, ин кӯдаки зирак ба сафир рӯ оварда пурсид:
-Ҳоло бигӯед, ки нури ин шамъ ба кадом тараф паҳн мешавад?
-Нури шамъ ба ҳар тараф паҳн мешавад: ба шарқ, ғарб, шимол, ҷануб... Самти аниқеро гуфтан душвор аст, - бо тааччуб гуфт сафир.
- Агар нӯри шамъ ба чор тараф паҳн шавад, аз Офаридгори он чиро интизорӣ доред?! Аллоҳ нури осмонҳову замин аст ва дар як вақт тамоми мавҷудотро фаро мегирад!,-хитоб кард писарак.
Сафир аз чавобҳои хирадмандонаи ин писарбачаи кӯчак, ки дар рӯ ба рӯяш истода буд, дар ҳайрат монд ва хост саволи охиринашро диҳед, вале писарак пешдастӣ карда гуфт:
- Истед,беҳтар он аст, ки шумо ҷои маро бигиреду ман ба минбар бароям, т ҳама саволи шумо ва ҷавоби маро хуб шунаванду бинанд.
Сафир ба ин таклиф розӣ шуда, аз минбар поин шуд ва писарак ба минбар баромад.
-Худо ҳоло чӣ кор мекунад?-пурсид сафир.
-Магар худатон намебинед, ки Худо чи кор кард?! Аллоҳи меҳрубону пурқудрат як бандаи шаккокашро ба дасти кӯдаки хурдсоле аз минбар фуруд оварда, ҳамаро ба ҳолаш хандонд.
Садои қаҳ-қаҳаи хандаи аҳли толор ба фалак печид.
-Шумо қудрати худвандро ин лаҳҳа бо чашми сар дидед ва шоҳид ҳастед, ки чи гуна Аллоҳ як бачаи хурдсоли мӯъминро, ки ба ҳастӣ ва ягонагии Худо имон дорад, ҳикмат ато намуда бо гуфтани сухани ҳақ дар як лаҳза боло бурд. Аллоҳ бар ҳар коре тавоност!-гуфт писарак ва дар замин ба зону зада, саор ба саҷда бурду худвандро сипос хонд.
Пас аз ин суханон сафири мағлубшуда бо сари хам ба шаҳри худ баргашт, писараки доно бошад, ба камол расида, яке аз бузургтарин донишмандони олами ислом гардид.