Formula novemver 2024
Кӯдаки 8-соларо об бурду...
724


Исироҳат дар соҳили дарёву рудхонаҳо кайфияти нотакроре дорад, вале баъзан фарғат дар оғӯши гуворо табиати зебоманзар бо фоҷиа анҷом ёфта, боиси ғарқшавии одамон, махсусан кӯдакон ва ноболиғон дар об мегардад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз сар задани боз як ҳодисаи нохуши ғарқшавии кӯдаки хурдсол дар дарё хабар додааст.

Рӯзи 18-уми сентябр кормандони шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Шаҳринав бо кӯмаки сокинони маҳаллӣ ҷасади як кӯдаки дар дарёи Қаротоғ ғарқшударо пайдо карда, аз об берун бароварданд.

Кӯдаки ормонӣ ҳанӯз рӯзи 27 август дар ҳудуди деҳаи Пуштимиёнаи ноҳияи Шаҳринав ғарқ шуда, ҷасадашро баъди 22 рӯзи ҷустуҷӯҳои пайваста 5 километр дуртар аз ҷои ҳодиса пайдо кардаанд.

Танҳо тайи 7 моҳи соли равон дар кӯлу дарёву каналҳои Тоҷикистон 123 нафар, аз ҷумла 64 нафар бачаҳои ноболиғи синнашон то 16 ғарқ шудаанд, бинобар ин, аз падару модарон эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки фарзандони худро бе назрат нагузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД