Arzon march 2024
Кӯдаки 5-солаи тоҷик дар Русия аз ошёнаи 18-ум афтид
01.02.2022
Оила
2301

Як кӯдаки панҷсолаи оилаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон шоми 31-уми январ дар кӯчаи Лухмановская дар шарқи Маскав аз тирезаи қабати 18-уми бинои истиқоматӣ ба замин афтода, ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Бомдод-ком хабар медиҳад.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, кӯдак дар роҳрави қабати 18-уми ин бинои 24-қабата дар маҳаллаи Косино-Ухтомский бозӣ мекардааст ва бо сабабҳои барои тафтишот номаълум аз тиреза ба замин афтодааст. Кӯдак ҳанӯз то омадани табибони “Ёрии таъҷилӣ” ҷон додааст ва табибон танҳо маргашро тасдиқ кардаанду халос.
Маълум нест, ки чаро дар фасли зимистон, ки маъмулан ҳарорати ҳаво дар шаҳри Маскав дар ин айём бениҳоят сард мешавад, тирезаи роҳрави ин бинои истиқоматиро кушода мондаанд.
Юлия Иванова, ёрдамчиии раҳбари раёсати тафтишоти шаҳри Маскав қазияи марги кӯдаки муҳоҷири тоҷикро шарҳ дода, гуфтааст, тафтишоти ин ҳодисаро мақомоти тафтишотии минтақаи Перово бар дӯш доранд ва алакай бар асоси қисми якуми моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми ба ҳалокат расондан аз беэҳтиётӣ парвандаи ҷиноятӣ низ боз намудаанд.
Ҳодиса шоми 31-уми январ сар зада, ҷасади ин тифли нокомро аз назди як бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Лухмановскаяи шаҳри Маскав пайдо кардаанд. Кӯдаки аз ошёнаи 18-ум афтида, соли 2017 ба дунё омада, ҳамагӣ 5 сол доштааст.
Сабабҳои ин ҳодисаи фоҷиабор, ки бо марги як тифли бе гуноҳ анҷом ёфт, аз ҷониби мақомот муайян карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД