Arzon march 2024
Кӯдаки 5-солаи тоҷик дар Амрико ғолиби мусобиқаҳои байналмилалӣ шуд
516

Имрӯзҳо дар баробари намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа, кӯдакони хурдсоли тоҷик ҳам бо ҳунару маҳорат ва истеъдоди нодирашон парчами кишвари азизамонро дар арсаи ҷаҳон баланд мебардоранд. Имрӯз мо аз дастовардҳои як писарчаи 5-сола қисса мекунем, ки дар чандин мусобиқаҳои варзишӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ғолиб гаштааст.

Муҳаммадҷон Турдиеви 5-сола муддати 8 моҳ мешавад, ки бо навъи варзиши чиу-читсу машғул аст. Қаҳрамони мо дар ин муддати кӯтоҳ аллакай ба дастовардҳои зиёди варзишӣ ноил гаштааст. Муҳаммадҷон дар се мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, ду маротиба ғолиб омадааст ва медалҳои биринҷӣ ба даст овардааст. Муваффақияти ӯро падараш дар тамрини пайваста ва эътимод ба худ медонад.

"Мо дар хона пайваста ба варзиш машғул мешавем ва барои тамрин шароити хубе фароҳам овардаем. Муҳаммадҷон ҳам ҳамроҳи мо машқу тамрин мекард. Боре ба ӯ пешниҳод намудам, ки барои омӯзиши навъи варзиши чиу-читсу ба ягон толори варзишӣ гузорам? Ӯ розӣ шуд. Ҳамин тавр ӯро назди яке аз варзишгарони маъруфи Амрико Маурисио Антунес (Mauricio Antunes) шогирд гузоштам",-қисса мекунад падари Муҳаммадҷон.

Муҳаммадҷон ғайр аз толори варзишӣ дар хона ҳам тамрин мекунад. Ба гуфти падари ӯ, устодаш Маурисио борҳо ин тоҷикписарро барои зеҳни тез ва чусту чолокияш тавсиф кардааст.

Падари Муҳаммадҷон мегӯяд, писараш дар мусобиқаҳои варзишии "All Americans", "Golden Jiu Jitsu" ва "Jiu jitsu world league the worlds" дар вазни 25 кг ширкат варзидааст.

"Албатта барои кӯдаке, ки нав ба варзиш рӯй овардааст, ин як дастоварди бузург аст. Ростӣ ман бовар надоштам, ки писарам дар ин муддати кӯтоҳ ба дастоварде ноил мегардад, вале худи писарам бо боварӣ мегуфт, ки ғолиб мешавад. Ғалабаи ӯ бори дигар собит намуд, ки тоҷикон паҳлавону қаҳрамону қудратманданд",- таъкид дошт падари варзишгар.

Муҳаммадҷон Турдиев дар мусобиқаҳои варзишӣ миёни кӯдакон дар Амрико Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад. Ӯ ба наздикӣ дар мусобиқаи "Jiu jitsu world league the worlds", ки дар шаҳри Лос Анджелеси Амрико баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард. Назар ба гуфти падари Муҳаммадҷон, писараш ифтихорманд аз он буд, ки парчами Тоҷикистон дар байни ҳазорҳо нафар бардошта шуд.

Муҳаммадҷон Турдиев ба хурдсолияш нигоҳ накарда забонҳои англисиву русиро пурра медонаду озодона ҳарф мезанад. Ӯ ҳоло дар кӯдакистони "Earlier Kindegarden №5"-и шаҳри Лос Анджелес таҳсил дорад.

Қаҳрамони мо набераи хаттоти машҳури тоҷик Шокир Турдиев мебошад, ки бо чеҳраофарияш бо ҳуруфоти форсӣ маъруф гаштааст. Ҳоло қаҳрамони мо ҳамроҳи волидонаш дар шаҳри Лос Анджелеси Иёлоти Калифорнияи Амрико зиндагӣ мекунад. Ӯ мехоҳад ҳарчи бештар ба варзиш машғул шуда, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзаду номи кишвари азизамонро боз ҳам баланд бардорад.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД