Дар шаҳри Сан-Хуан-де-ла Магуанаи (San Juan de la Maguana)-и Ҷумҳурии Доминикан дар кӯчаи Anacaona тифлаки тахминан семоҳаеро аз канори роҳ пайдо кардаанд.
Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гаштанд, дида мешавад, ки тифлаки маъсум бо либоси сабук дар канори роҳ хобидааст.
Роҳгузарон дарҳол ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додаанд, вале ҳанӯз маълум нест, ки тифлакро кӣ дар канори роҳ партофта рафтааст ва оё волидонаш зиндаанд ё не.
Санҷиши ҳодиса аз ҷониби пулис идома дорад.