arzon replenishment
Кӯдак ҳуқуқи муошират бо падарашро дорад?
13.05.2023
ОИЛА
710



Ба саволҳои хонандагони ҳафтаномаи «Оила» адвокат Иноят Иноятов ҷавоб медиҳад. Доир ба машварати ҳуқуқии оилавӣ ва баҳсҳои ҳуқуқии оилавӣ метавонед ба телефони боварии адвокат 98-517-02-21 занг занед.

Савол
Дар ҳолати ҷудо зиндагӣ намудани ҳамсарон, кӯдак ҳуқуқи муошират намудан бо падарашро дорад ё не?
Исфандиёр аз Панҷакент.

Ҷавоб
Мувофиқи талаботи Кодекси оила, кӯдак ҳуқуқи муоширатро бо падару модар, бобо, бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва дигар хешу ақрабо дорад.

Бекор кардани ақди никоҳ аз ҷониби падару модар, беэътибор донистани он ё зиндагии ҷудогонаи падару модар ба ҳуқуқи кӯдак таъсир намерасонад.

Дар сурати ҷудо зиндагӣ кардани падару модар кӯдак ҳуқуқ дорад, ки бо ҳар кадоми онҳо муошират кунад. Кӯдак инчунин ҳуқуқ дорад дар сурати дар давлатҳои мухталиф зиндагӣ кардани падару модар ва баъди бекор кардани ақди никоҳ низ бо онҳо муошират кунад. Бо назардошти ин меъёри қонун, ҳамсаре, ки кӯдак бо ӯ истиқомат мекунад, ҳуқуқ надорад, ки барои муошират намудани кӯдак бо падар ва дигар дигар хешутаборонаш монеъагӣ намояд.
Агар яке аз волидайн барои муоширати кӯдак бо падар, модар ё дигар хешутабор монеъагӣ намоянд, чунин волидайн ҳуқуқ дорад, ки бо аризаи даъвогӣ дар бораи муайян намудани тартиби муошират бо кӯдак ба суд муроҷиат намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД