Сухан воситаи муҳимтарини муошират буда, қобилияти гапзанӣ баъди таваллуд оҳиста-оҳиста инкишоф меёбад. Маъмулан ҳарфҳое, ки аввалин бор тифлакон ба забон меорад, “а” ва “у” буда, навзодон бо ин роҳ хостаҳои худро ифода мекунанд.
Кӯдакон аз думоҳагӣ бештар садоҳои кашишдорро ба забон меоранд ва бо ин роҳ эҳсосоти худро ифода мекунанд. Дар ин давом модар аллакай мефаҳмад, ки фарзандаш бо кадом садоҳо шодӣ ва бо кадом роҳ гуруснагию нороҳатии худро баён мекунад.
Дар семоҳагӣ тифлакон натанҳо баъзе садонокҳо, балки садоҳои ҳамсадо г, х, к, п, б-ро талаффуз карда, кӯшиши ба ҳам пайванди онҳоро мекунанд, ба монандӣ «гу», «аги», «агу».
Дар шашмоҳагӣ нуқти кӯдак пурратар шуда, «па-па», «ба-ба», «ма-ма» барин садоҳоро ба забон меорад. Ин садоҳоро тифлак беихтиёр талаффуз кунад ҳам, аллакай пай мебарад, ки калонсолон ба ӯ чиҳо мегӯянд. Аз ҳамин хотир дар ин давра модар ва умуман аҳли оила бояд бештар бо тифлак гап зада, ӯро навозишу меҳрубонӣ кунанд.
Дар ҳафтмоҳагӣ кӯдак садоҳоро кашида, нотаҳои паст ва баландро иваз мекунад. Раванди ташаккули луғавии тифлак фаъолтар гашта, минбаъд ба суханронии волидайн, садоҳои калонсолон, ҳайвонот ва мошинҳо тақлид мекунад.
Дар 9-10 моҳагӣ кӯдак садоҳои навро талаффуз мекунад ва бо имову ишора бо атрофиён муошират менамояд. Дар ин давра тифлак аллакай метавонад тақрибан 10 калимаи якҳиҷоиро талаффуз кунад: «вуф», «баба», «коко». Бояд гуфт, ки одатан нутқи духтарбачаҳо нисбат ба писарон тезтар инкишоф меёбанд.
Дар кадом синну сол кӯдак суханони аввалини худро ба забон меоранд, бештар аз волидон вобастагӣ дорад, яъне аз он ки чӣ гуна онҳо бо кӯдак кор мекунанд, бо ӯ чӣ гуна муошират менамоянд.
Ба инкишофи чисмонӣ, зеҳнӣ ва равонии атфол ирсият низ таъсири муайяни худро мегузорад.
Кай кӯдак “оча” мегӯяд?
Барои ҳар як модар аҷиб аст, ки кай фарзандаш бори аввал “оча” мегӯяд. Бояд гуфт, ки маъмулан то 10 моҳагӣ кӯдакон аллакай калимаҳои якҳиҷоиро талаффуз мекунанд, вале шарт нест, ки кӯдаки 10 моҳа “оча” гӯяд. Калимаи аввал метавонад "баба", "ата" ё "воф" бошад. Кадом калимаро кӯдак аввал ёд мегирад, аз он вобаста аст, ки волидонаш бо ӯ чӣ гуна муошират мекунанд.
Равоншиносон мегӯяд, чӣ қадаре ки кӯдак калимаи «модар»-очаро зуд-зуд шунавад, ҳамон қадар тезтар талаффузи онро ёд мегирад.
Аз рӯи меъёр дар синни яксолагӣ, кӯдакон аллакай калимаи "модар" ё очаро пурра талаффуз мекунанд.
Синну соли меёърӣ кадом аст?
Синну соли миёнаи кӯдакон барои инкишофи нутқи бошуурона 9-10 моҳагӣ маҳсуб ёфта дар ин давра тифлак калимаҳоро бадоҳатан талаффуз мекунад. Маъмулан кӯдак танҳо ҳиҷоҳои гуногунро талаффуз мекунад, вале он чизеро, ки калонсолон ба ӯ мегӯянд, мефаҳмад ва ҳамин тавр захираи луғавии ӯ торафт васеъ мешавад.
Аллакай дар 11-12 моҳагӣ кӯдак ба талаффузи калимаҳои оддӣ шурӯъ мекунад. Одатан, инҳо "оча", "ота", "апа", “ака”, "бобо" ва номҳои бозичаҳои дӯстдоштаю ҳайвонот мебошанд. Дар якунимсолагӣ кӯдак метавонад тақрибан 20 калимаро талаффуз кунад.
Дар синни дусолагӣ аксари кӯдакон аллакай метавонанд ҷумлаҳои оддӣ созанд. Барои ҳавасмандгардонии инкишофи нутқи бошуурона дар кӯдак фаъолияти тарбиявиро дар шакли бозӣ ба роҳ мондан лозим аст.
Сабабҳо ва нишонаҳои таъхири нутқ
Бачаҳое ҳастанд, ки нутқашон зуд инкишоф меёбанд ва барвақт ё сари вақт сухан мегӯянд, вале дар ин миён кӯдаконе низ ҳастанд, ки омӯхтан барояшон душвор буда, маълумоти навро дер ёд мегиранд. Инкишофи нутқ метавонад барои онҳо каме тӯлонитар давом кунад. Дар ҳар сурат кӯдак бояд то синни сесолагӣ сухан гуфтанро ёд гирад. Агар дар ин муҳлат сухан гуфтанро ёд нагирад, ҳатман ба тибабон муроҷиат намудан лозим аст.
Аз рӯи баъзе аломатҳо муайян кардан мумкин аст, ки мушкилӣ дар нутқи кӯдак вуҷуд дорад. Маъмултарин аломатҳо инҳоянд:
1. Ҳамеша хомӯш будани кӯдак.
2. Худашро аз дигар кӯдакон дур кашидани тифл.
3. Асосан бо имову ишора мақсадашро фаҳмондани кӯдак.
Аломатҳои таъхири инкишофи нутқро дар марҳилаҳои аввали зиндагии тифл низ мушоҳида кардан мумкин аст. Барои ин, шумо бояд ба кӯдакатон бодиққат муносибат намоед. Масалан, навзод садо намедиҳад. Дар чормоҳагӣ тифл ба меҳрубониҳои падару модар ягон хел реаксия нишон надиҳад, ҳушёр бошед ва минбаър раванди интикофи фарзандатонро зери назорат бигиред. Дар 9 моҳагӣ метавонед барои кӯдак бозичаҳои мусиқӣ дошта хирида санҷед, ки фарзандатон бо садои бозича чи гуна муносибат мекунад. Хурсанд шавад хуб аст, вале ягон хел реаксия нишон надиҳад, ташвишовар аст. Кӯдак дар синни якунимсолагӣ калимаҳои оддиро талаффуз карда натавонад, номи худашро надонад ва ба олами атроф шавқ надошта бошад, ӯро ба духтури асабшинос, логопед ва табиби гӯш нишон додан лозим аст.
Кӯдак дар 2-солагӣ ба саволҳои оддӣ ҷавоб дода натавонад, дар синни сесолагӣ ибораҳои оддиро такрор карда натавонад ва бо ибораҳои содда муошират накунад, ба таври ҷиддӣ аз паси табобаташ шавед.
Волидоне, ки аломатҳои дар боло тавсифшудаи дар фарзанди худ мушоҳида менамоянд, бояд ба педиатр, отоларинголог, невропатолог, психолог, психотерапевт муроҷиат ва машварат намоянд.