Чанд вақт шуд, ки ҳамеша кӯдак хоб мебинам. Гоҳо дар оғӯшам тифли навзод асту гоҳи дигар хоб мебинам, ки бо кӯдаке бозӣ карда истодаам ва он тифлак қиқиросзанон механдад.
Ба чанд кас хобамро нақл карда, таъбирашро пурсон шудам, вале ҷавоби аниқ гирифта натавонистам. Яке кӯдак дар хоб парӣ аст гуфту дигарӣ чунин хоб чандон хуб нест, ягон кас мемирад ё хабари нохуш мешунавед гуфта, маро ба тарсу ҳарос афканд. Аз ҳамин хотир ба “Оила” муроҷиат намудам, то ки таъбири хобамро бидонам.
Фараҳноз, ш. Душанбе
Посух
Хоҳари азиз, ташвиш накашед, кӯдакро хоб дидан аслан фоли нек аст. Кас хоб бинад, ки тифли навзоди солимеро ба оғӯш гирифтааст, аз мушкилиҳо халос мешавад, вале хоб дидани кӯдаки бемор ба сар задани баъзе душвориҳо дар ҳаёти шахси хобдида ишорат мекунад.
Хоб бинед, ки дар сари китфатон кӯдаки зебоеро бардошта гаштаед, ба орзуи деринаатон расида, соҳиби пулу моли зиёд ва бою бадавлат мешавед.
Одами тақводор хоб бинад, ки соҳиби фарзанд шудааст, дар ҳаёти воқеъӣ он шахс бо коре машғул хоҳад шуд, ки ташвиши зиёдеро талаб мекунад.
Ба кӯдакон дар хоб Қуръонхониро ёд додан, бисёр хуб буда, аз қабул шудани тавбаи шахси хобдида пеши худованд ва пок шудан аз гуноҳ паём медиҳад.
Зани шавҳардор кӯдак хоб бинад, корҳояш бобарор ва пешрав мешаванд, вале зани бешавҳар чунин хоб бинад, ба қарз меғӯтад. Бевазан кӯдак хоб бинад, бо кори дилгиркунандае машғул хоҳад шуд. Арӯс хоб бинад, ки дар бағалаш кӯдак аст, ба сараш ягон мушкилӣ омада, дилшикастаю ноумед мешавад. Зани куҳансол кӯдак хоб бинад, пулу молашро барои ягон кори беҳуда сарф хоҳад кард.
Марди оиладор кӯдак хоб бинад, соҳиби давлату сарвати зиёде гашта, умри дароз мебинад, вале ҷавони муҷаррад чунин хоб бинад, ба сараш мушкилиҳои оилавӣ бор хоҳанд гашт. Ба хоби марди аз занаш ҷудо шуда кӯдак дарояд, санҷишҳои бузурге дар зиндагӣ ӯро интизоранд. Домод кӯдак хоб бинад, ба хонааш меҳмони нохонда меояд, вале марди солхӯрда чунин хоб бинад, эҳтимоли бемор шудани шахси хобдида ё ягон одами наздикаш вуҷуд дорад.
Марди занмурда кӯдак хоб бинад, бояд эҳтиёт шавад, чунки чунин хоб бонги хатар буда, бо воситаи ин хоб офаридгор ӯро ҳушдор додан мехоҳад.
Таъбири хоб ба синну соли кӯдаки ба хоби шахс даромада низ вобастагӣ дорад. Тифли навзод дар хоб фоли нек буда, ба амалӣ гаштани орзуҳои наҷиби шахси хобдида далолат менамояд.
Хоб бинед, ки бо кӯдаке бозӣ доред ва он кӯдаки фарзанди худи шумост, ягон сарчашмаи нави даромад пайдо шуда, бою бадавлат мешавед.
Дар хоб бо кӯдаки бегона бозӣ кардан аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шумо дӯсти наву боэътимоде пайдо хоҳед кард, ки дар ҳама кор бароятон ёрӣ медиҳад.
Хоб дидани кӯдаки мариз ё ягон нуқсон дошта хуб нест. Хоб бинед, ки дар оғӯшатон кӯдакеро гирифтаед, ки як пояш нест, аз ягон дӯстатон ҷудо мешавед.
Кӯдаки сару рӯяш чиркинро хоб дидан низ чандон хуб нест ва чунин хоб дидан ба он иорат мекунад, ки шумо дар зиндагӣ гуноҳҳои зиёде содир кардаед. Пас аз дидани чунин хоб кас бояд барои гуноҳҳои дониставу надониста содир кардааш пеши худованд сидқан тавба намояд.
Хоб бинед, ки кӯдаки урёнеро ба бағал гирифтаед, ягон ҷанҷоли кӯҳнаатон дубора рӯ мезанад, вале бо инояти худованд ва кӯмаки дӯстонатон шумо аз ваъият мебароед.
Хоб дидани кӯдаки бадафт (уродливый ребенок) ба он ишорат мекунад, ки шумо ба ягон зан ё духтари дурӯя ошиқи зор хоҳед шуд. Аммо кӯдаки сечашмаро хоб дидан хуб аст. Шахсе, ки дар хобаш ба оғӯшаш кӯдаки сечашмаеро мегузоранд, соҳиби ягон чизи қиматбаҳо мегардад.
Дар хобатон кӯдак дар бағали шумо тар кунад, дар ҳаётатон ягон тағйироти наве пайдо мешавад, ки ба шумо хуш намояд.
Гиряи кӯдак дар хоб хуб набуда, аз беморӣ ё мушкилоти иқтисодӣ дарак медиҳад. Кӯдаки хоб гувоҳи зарбаҳои сахти тақдир буда, кӯдаки мурда аз бемасъулиятии шахси хобдида дар зиндагӣ дарак медиҳад.
Дар хобатон кӯдаки навод гап занад, ягон ҳодисаи ғайри интизоре рӯй медиҳад, ки боиси рехтани оби дида мегардад.
Дар хоб кӯдак сарашро ба девор занад, байни зану шавҳар ҷангу ҷанҷоли сахт ба миён меояд. Рақсидани кӯдак дар хоб низ аз ҷанҷоли оилавӣ дарак медиҳад, вале суруд хондани кӯдак дар хоб баръакс бисёр хуб аст. Кас хоб бинад, ки кӯдакеро баоғӯш гирифтаасту он кӯдак суруд хонда истодааст, соҳиби мансаб ё вазифаи баланде мегардад ва дигарон дар атрофаш парвонавор давр хоҳанд зад.
Дар маҷмӯъ кӯдак дар хоб ҷину парӣ ва ё нишонаи маргу мир нест, баръакс хоб дидани тифлакони хурдсол ба амалӣ гаштани орзуҳои шахси хобдида ишорат мекунад ва агар шахси кӯдак хоб дида сидқан аз худованд чизеро талаб намояд, дуояш мустаҷоб гашта, ба муроду мақсадаш мерасад.