Formula novemver 2024
Кӯдак дар чандмоҳагӣ дандон мебарорад?
20.05.2023
ОИЛА
1088

Духтарчаам нав 4 моҳа шудааст. Пештар кӯдаки ором буд, вале як ҳафтаи охир бисёр инҷиқӣ карда истодааст. Ба назди духтури кӯдакона бурдам, баъди муоинаю ташхис гуфтанд, ки шамолкашӣ ва фишорбаландии мағзӣ (черапное давлание) надорад. Писарчаам дар давраи дандонбарориаш ҳамин хел гирёнчак шуда буд, вале духтарам барои дандонбарорӣ ҳоло бурд аст. Донистан мехостам, ки оё кӯдакон дар 4 моҳагӣ ҳам дандон мебароранд?

Умеда, сокини н. Ҳисор


Тавре ки табибони кӯдакона мегӯянд, баромадани дандонҳои ширии тифл ба он вобаста аст, ки ҷисми кӯдак то кадом андоза бақувват аст. Маъмулан тифлакон дар 5-7 моҳагӣ ба дандонбарорӣ сар мекунанд, вале баъзе кӯдакон барвақттар дар 2-4 моҳагӣ дандон мебароранд. Тифлаконе низ ҳастанд, ки баъди яксолагӣ ба дандонбарорӣ сар мекунанд. Ҷараёни дандонбарорӣ ба ҷинсияти кӯдак ягон алоқамандӣ надорад, духтарчаҳо ва писарчаҳо ин давраро қариб як хел, бо инҷиқӣ ва бехобию ғаш кардан пушти сар мекунанд.

Иддае аз тифлакон ба осонӣ дандон мебароранд ва модар ҳатто чӣ тавр баромадани дандони тифлакашро нафаҳмида мемонад, вале бештари кӯдакон дар баровардани дандонҳои аввалини худ хеле азоб кашида, ҳатто таб мекардагӣ мешаванд.

Нишонаҳои аввалини дандон баровардани тифл якбора инҷиқ шудани кӯдак, чочакро хоидан, нооромӣ ҳангоми ширхӯрӣ ва ғаш карда гиристан мебошанд. Кӯдакони синамак дар ин давра пистони модарро газида, тифлаконе, ки шири сунъӣ мехӯранд, дар макидани чочаке, ки аз он шир мехӯранд, душворӣ мекашанд, зеро вораҳо варам карда, дард

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД