Баъзе кӯдакон аз волидонашон пинҳонӣ барф мехӯранд, ки ин боиси гирифтор шудан ба ангина мегардад. Давои беҳтарин барои табобати ангина - ин мехчагул аст. Ба шахсони ба ангина гирифтор маслиҳат дода мешавад, ки мехчагули хушкро кафмол карда, ба зарфе андозанд ва аз болояш як истакон шири ҷӯшомадагӣ рехта, чанд дақиқа нигоҳ доранду баъди ширгарм шуданаш онро нӯши ҷон созанд. Ширро дар даҳон муддате нигоҳ дошта, баъд фурӯ бурдан лозим. Ин давои муфид ба зудӣ аз дарди гулӯ раҳоӣ мебахшад.
Ба ғайр аз дарди гулӯ кӯдак аз сулфаи хушк низ азият кашад, баргҳои хушки мехчагулро ба рӯйи оташ партофта, дуди онро нафас кашидан лозим аст.
Равғани мехчагул низ хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Он чун давои зиддимикробӣ, зиддивирусӣ, пешоброн ва бедардкунанда эътироф шудааст. Аз ҳамин сабаб дорусозон бештар маҳз равғани мехчагулро ба таркиби доруҳо ва малҳамҳои зиддиилтиҳобӣ илова менамоянд. Дар ҳолати ба зуком гирифтор шудан метавонед барои кушода шудани бинӣ, тоза шудани роҳҳои нафас ва халосӣ аз сулфа аз равғани мехчагул истифода баред. Бемор ҳамагӣ чанд қатра равғани мехчагулро ба зарфи оби ҷӯшидагӣ дошта андохта, буғи онро нафас кашад, ба зудӣ ҳолаш рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.
Барои халосӣ аз дарди сар ҳангоми шамолкашӣ ва зуком баргҳои хушки мехчагулро бо каме оби гарм омехта карда, ба пешонӣ ва чаккаҳои сар гузошта, бо рӯймоли пахтагин баста хобидан лозим. Тарбандиро 10 дақиқа нигоҳ доштан лозим аст.