(Давомаш)
Хараҷу мараҷ ва моҷарое, ки дар утоқи доктор Салим дар як лаҳза ба амал омад, ҳамаро даступохӯрда кард. Бемороне, ки дар тан хилъат дар роҳрави бемористон қадам мезаданд, садои доду фиғонро шунида дар пушти дари доктор ҷамъ шуданд. Онҳо ба дар наздик шуда, қариб, ки нафас набароварда ба овозҳои аз дохили утоқ меомада гӯш медоданд, то фаҳманд, ки доктор бо кӣ ҷангу ҷанҷол дошта бошад. Ҳамин дам доктор Салим ба шаст дарро кушод, занҳои ғайбатчӣ, ки ба дар часпида бо мароқ ҷангу ҷанҷоли дохили утоқро гӯш мекарданд, қариб афтида буданд. Доктор аз ғазаб суп-сурх шуда, рагҳои гарданаш бардамида буданд. Вай теғ кашида бо ҷаҳл ба ҳамаи ҷамъомадагон нигаристу гуфт:
-Канӣ, зуд ҳамаатон ба палатаҳоятон равед! Дар ин ҷо кинои Зитаю Гита нарафта истодааст-ку! Шумо бемор ё тамошобин? Алӣ,- посбони бемористонро садо кард ӯ,-зуд онҳоеро, ки ба беморбинӣ омадаанду мехоҳанд кинои бепул тамошо кунанд, аз ин ҷо бароварда пеш кун! Беморонеро, ки итоат намекунанд, номашонро ба ман деҳ, ман онҳоро ҷавоб медиҳам, бигзор рафта дар кинотеатр табобат гиранд...
Доктор инро гуфту ба ҳуҷрааш даромад ва ба паси мизи корӣ нишаста ба ҳозирин гуфт:
- Ин ҷо аз бемористон дида, бештар ба толори суд монанд шуда истодааст. Бояд бигӯям, ки ман судя нестам, шумо ҳам ҷавобгару даъвогар нестед. Ман мехостам байни шумоён сулҳу салоҳро барқарор намуда, бо ҳамин барои тезтар сиҳат шудани муаллим ёрӣ расонам, вале ана ин духтар,-бо дасташ ба тарафи Шафоат ишора намуд доктор,-ҳамаи кӯшишҳои маро барбод дод. Биёед ин тавр мекунем, то андак ба худ омадани бемор касе, на аз дӯстонашу на аз наздиконаш ба палатаи ӯ намедарояд. Ин кор метавонад то як- ду моҳ давом кунад...
Шафоат, ки гардани аз зарби панҷаҳои Садоқат сиёҳгаштаашро молида, дар паҳлуи модараш менишаст, бо ашки шашқатор сарашро ба зонуи Ҳасратмоҳ гузоштанӣ шуд, вале модараш ӯро бо дастонаш андаке аз худ дур намуд. Холи секунҷаи пои Садоқат ақлу ҳуши ӯро чунон рабуда буд, ки ҳатто баъди хархашаи байни Шафоату Садоқат ҳушу ёдаш танҳо ба он банд буд. “Наход???” ба худ меандешид ӯ, “Наход ҳамин тавр бошад ??” бори садум аз худ мепурсид Ҳасратмоҳ, вале ёрои онро надошт, ки аз касе аз ҳозирон дар ин бора ошкоро чизе бипурсад...
Шафоат, ки аз Садоқат чунин корро интизор набуд ва гумон дошт, ки ин зан фаришта асту на аз даҳонаш ягон гапи бад мебарояд ва на аз дасташ ягон амали бад, бо як ҳамлаи шеронаи зани муаллим худро гум кард ва ҳоло зӯраш танҳо ба гиря мерасид. Вай акнун фаҳмид, ки чаро ба Муртазо гоҳ марг мехоҳаду гоҳ зиндагӣ. Ӯро хеле ва хеле дӯст медоштааст, вале инро то лаҳзаҳои охирин худаш ҳам намедонист . Вақте фаҳмид, ки муаллим дигар ба ивази ҳеҷ чиз ва ҳеҷ амал ба ӯ дилбастагие надораду пайдо ҳам нахоҳад кард, дилаш мисли гӯри куҳна холӣ шуда монд. Шафоат дарк намуд, ки барои вай дигар дар дили ин мард ҷой нест. Барои Шафоат дигар дар ин дунё ҳам ҷой нест, зеро модараш, модаре, ки то 17 -солагӣ ӯро мисли гули даруни гулдон бо эҳтиёт парвариш мекард ва намегузошт, ки ба рӯяш ҳатто шамоли сард вазад, ҳоло ба ӯ мисли як бегона, не, балки мисли як душман нигоҳ мекунад. Онҳое, ки аз қиссаи ӯ огоҳ гаштанд, бо як овоз мазамматаш мекунанд. Маълум, ки минбаъд ҳолаш аз ин ҳам бадтар хоҳад шуд. Пас, ӯ барои кӣ зиндагӣ мекунад?...
Шафоат чашмони сурхшудаашро боло карда ба модараш гуфт:
-Хайр оча, ман рафтам...
-Ҳа, дигар чӣ кор ҳам мекардӣ? Рав, рафтанат беҳтар аст!
Суханони модараш ба гӯши Шафоат мисли он расид, ки “ мурданат аз зистанат беҳтар аст” мегуфта бошад. Ӯ дигар ба касею чизе эътибор надода, аз дар баромад ва бо шаст ба тарфи баромадгоҳ равон шуд.
-Эй духтар, -садои посбони бемористон дар баромадгоҳ маҷбур кард, ки Шафоат дар ҷояш таваққуф кунад,-Дигар ба ин ҷо набиё, ки намемонам. Ман ҳамаи гапро фаҳмидам...
Ин зарбаи охирине буд, ки ба ҷисми Шафоат заданд, вале духтар бе ягон хел қаҳру ғазаб, бе изҳори хафагӣ, гӯё бо ӯ суҳбати дӯстона карда истода бошанд, ба посбон нигариста гуфт:
-Амак, дигар ҳаргиз маро дар ин ҷо намебинед!
***
Пас аз баромадани Шафоат дар ҳуҷраи доктор Салим байни нишастагон хомӯшии риққатоваре ҳукмфармо гашт. Ҳама ғарқи фикру андешаи худ буданд, касе сар боло карда ба дигарӣ ҳатто нимнигоҳе ҳам намеафканд. Ин дам Маҳина, ки ҳар замон аз аҳволи Муртазо маълумот расонда меистод, аз дар даромада ба доктор Салим гуфт:
-Духтур ҳолати бемор андаке беҳтар шуд, набзаш ҳам ба меъёр наздик шуда истодааст. Ба ҷисмаш бо найча ягон дору ё хӯрок равон кунам?
Доктор Салим, ки баъд аз моҷаро дар ҳуҷраи кориаш ҳанӯз ба худ наомада буд, андешамандона пурсид:
-Чӣ гуфтӣ? Ҳа... албатта. Глюкоза равон кун... Ман баъд аз ягон даҳ дақиқа медароям... Гуфтагӣ барин, фаромӯш накунам, ин супориши қатъӣ, ба назди бемор ягон нафар, на хешу табор ва на ягон бегонаро даромадан намон. Инро ман ба ту аллакай гуфта будам ва боз такрор мекунам, ягон кас набояд ба назди бемор дарояд! Акнун рав, аз паи кору борат шав...
Инро гуфта доктор аз ҷояш бархост. Қомати баландаш дар чашми Ҳасратмоҳ, ки дар курсии пастаке нишаста буд, мисли паҳлавони афсонавӣ намуд, ки акнун ба ҳуҷуми қатъӣ мегузарад. Ӯ бо ду даст ба ду гӯшаи миз такя намуда, мисли он, ки муаллими сахтгир ба шогирдони гапногир нигоҳ мекунад, бо овози андаке хира гуфт:
-Ҳарчи, ки ман супориш додам, шумо ҳам шунидед. Маргу зиндагии касро ману шумо муайян намекунем, вале мо метавонем ҳамчун сабаб боиси марг ва ё зиндагии инсон шавем. Ман ба шумо дигар гапи мегуфтагӣ надорам. Як хоҳиш аз Фирӯзҷон, азбаски мо дар ноҳия ҳастем, на ҳамеша доруҳои лозимиро пайдо карда метавонем, барои ҳамин мабодо ягон доруи иловагӣ зарур шавад, хоҳиш мекунам онро аз шаҳр ёфта биёред.
-Майлаш доктор, кӯшиш мекунам,-ҷавоб гардонд Фирӯз ва аз ҷояш бархоста ба модару апааш ишора намуд, ки хезанд. Ҳасратмоҳ низ аз ҷояш бархост...
Ин дам садои ҷонхароши тормози мошин ва овозҳои пуртаҳлукаи “ӯро кушт...” аз кӯчаи паси бемористон ба гӯш расиду ҳозирин дар ҷояшон мисли ҳайкал шах шуда монанд. Пас аз лаҳзае ҳамшираи шафқат Маҳина дари утоқи докторро бо шаст кушода хабар дод:
-Ӯро мошин зад!
-Киро?
-Ҳамон духтари нав дар ин ҷо будагӣ... Шафоатро...
(Давом дорад)