(Давомаш)
Фирӯз раҳораҳ то метавонист апаашро барои бо Муртазо ҳамсуҳбат шудан моил мекард:
-Апа, Муртазо марди бад набуд. Дар ёд дорӣ, вақте ки ман мактабхон будам, доим ба тайёр кардани дарсҳоям ёрӣ мерасонд. Бо кӯмаки вай ман аъло мехондам, баъд барои дохил шуданам ба мактаби олӣ ҳам ёрдам кард. Имрӯз, агар мо ӯро ба ҳоли худаш монем, мардак аз ҳама чизи дунё маҳрум мешавад. Аллакай аз модар монд, аз зану фарзанд ҳам монад, кӣ ба ӯ ёрӣ мерасонад? Худат як фикр кун... Ту ҳам ӯро дӯст медоштӣ, ман ҳайрон ки чаро ин тавр шуд. Не, мо набояд ӯро дар ин лаҳзаҳои душвор танҳо гузорем...
-Агар зинда монад...,- ба гап ҳамроҳ шуд модари онҳо Холбибӣ.
-Бале, агар зинда монад,-тасдиқ намуд Фирӯз,-духтур беҳуда телефон намекунад, аз афташ аҳволаш бад шудааст....
Фирӯз ҷилави мошинашро гоҳ ба ину гоҳ ба он тараф гардонда аз оинаи дар рӯ ба рӯяш буда ба Иқбол, ки сарашро ба болои зонуи модаркалонаш монда хобаш бурда буд, нигоҳ мекард. Дар гардишҳо сари бача ба ҳар тараф алвонҷ мехӯрд. Ӯ ба модараш нигаронида гуфт:
-Оча, сари Иқболро ба болои нишастгоҳ монед, камтар алвонҷ мехурад...
-Ҳамин хел кардам, аммо боз ҳам сарашро болои зонуям гузошт,-ҷавоб дод Холбибӣ.
Садоқат ба ин гуфтугузорҳо ҳамроҳ нашуда, ғарқи хаёли худ буд. “Муртазо мурад, ман чӣ кор мекунам? Иқболро чӣ хел бе падар калон мекунам? Наход, Худо раҳми ҳамин бачаяки маро нахӯрад? Муртазо бо ман набошад ҳам, бигзор зинда бошад. Одам дилпур мешавад, ки фарзандаш падари зинда дорад. Мабодо Муртазо мурда монад, ман аз таги замин ҳам бошад, он каждумро ёфта мӯяшро тора-тора меканам. Қанчиқи худозада, магар дар дунё мард қаҳт зада буд, ки ба шавҳари ман часпид? Хайр, мебинем...”
Холбибӣ аз ваҷоҳати Садоқат пай бурд, ки ӯ дар сар андешаҳои вазнин дорад ва гоҳ-гоҳ ғайриихтиёр муштонашро мефишорад.
-Духтарам ором шаву ба гапи бародарат гӯш кун. Ӯ рост мегӯяд, мо бояд дар ин лаҳзаҳои вазнини ҳаёташ ба Муртазо кӯмак расонем, на ин ки ӯро пушти по занем. Ақаллан ба хотири хушдомани раҳматиат ва писари ягонаат ин корро кун...
Садоқат чашмашро аз берун, аз дарахтоне, ки мисли аскарони қатор аз пеши назараш мегузаштанд, канда ба нишастгоҳи қафо, ба тарафи модараш нигоҳ карду бо як овози ҳазин гуфт:
-Майлаш модарҷон, ман гапи тую Фирӯзро рад намекунам. Бе ин ҳам дилам ба ҳоли зораш месӯзад. Он духтари бероҳа ба дастам афтад, худам медонам чӣ кор карданамро...
-Ин корро ту бояд пештар мекардӣ, акнун дер шуд. Ҳамон вақт, агар ба ҷои қаҳр карда ба шаҳр омадан аз гиребони ҳардуяшон гирифта шарманда мекардӣ, шояд ин қадар ҳодисаҳои нохуш рух намедоданд.
-Рост мегӯӣ оча, ман беақлӣ карда ҳамон вақт Иқболро гирифта ба шаҳр омадам. Сару неши он духтар ва... ва... Муртазоро сари вақт гирифтан лозим буд. Ман гумон кардам, ки Муртазои аз кори кардааш пушаймонро бо ин корам ҷазо медиҳам, намедонистам, ки вай ба осонӣ аз баҳри ман ва фарзандаш гузашта талоқамро медиҳад. Нав хатоямро фаҳмидам. Барои шавҳар ҳамеша мубориза бурдан лозим будааст...
-Ана, омада расидем,-овоз баровард Фирӯз ва мошинро ба саҳни бемористон ҳай карда даровард. Дар ин вақт шумораи одамони ба бемористон оянда он қадар зиёд набуд ва онҳо ба зудӣ барои мошин ҷои мувофиқ ёфтанд. Дар саҳни ҳавлии бемористон низ одам кам буд. Дар як кунҷи беморхона дар рӯи харак духтаре худро бо рӯймоли калон печида менишаст, баробари дидани мошини Фирӯз ӯ осемасар яктарафа нишаста, бо як гӯшаи рӯймолаш рӯяшро пинҳон кард. Ин духтар Шафоат буд, ки аз беморхона модарашро интизорӣ мекашид. Шафоат намедонист, ки баъди хабари марги модарашро ба Муртазо расонданаш, Ҳасратмоҳ бо ӯ чӣ гуна муносибат хоҳад кард...
***
Доктор Салим дубора набзи беморро ба даст гирифта оҳиста санҷид ва ба Маҳина рӯ оварда гуфт:
-Ба назарам андаке таппиши дилаш ором шуд, вале ту ҳар лаҳза аз аҳволаш хабардор шуда исто. Ман беморони дигарро аз назар гузаронам. Ягон касро ба инҷо даромадан намон. Ин супориши қатъӣ аст, дар акси ҳол, туро ҳамон лаҳза аз кор пеш мекунам. Акнун фаҳмидӣ, ки барои чӣ ба назди беморони дар ҳоли эҳё қарордошта касеро намемонанд. Як сухан ва ҳатто як ҳаракати ноҷо метавонад аҳволи бемори дар ҳоли беҳтаршавӣ қарордоштаро аз нав бад кунад. Фаҳмидӣ?
-Бале доктор, такрор намешавад, -бо сари хам ҷавоб дод Маҳина
Доктор бори дигар як ба тарафи кати Муртазо нигоҳ карду ҷониби баромадгоҳ равон шуд. Дар баромадгоҳ духтур бо Фирӯз рӯ ба рӯ шуд, ки тез- тез қадам зада ба тарафи палатаи Муртазо мерафт.
-Салом писар, аҳволи беморатон ягон соат пештар хеле вазнин буд ва ростӣ, ман аз ӯ дасту диламро шуста будам, вале ҳоло дар ӯ аломатҳои беҳшавӣ дида мешавад. Биёед, ҳамроҳи ман ба ҳуҷраи духтурон меравем ва ҳамон ҷо суҳбатамонро давом медиҳем.
Аз паси Фирӯз Садоқату модараш ва Иқболи хоболуд ҳам расида омаданд. Доктор Салим чун дид, ки онҳо бисёранд, гуфт:
-Биёед ба берун мебароем ва аз нафаси тозаи баҳор бо ҳамин баҳона баҳра мебарем.
-Аҳволи бемор чӣ хел?-Саросема пурсид Холбибӣ.
-Алҳол каме беҳтар шуд. Сабаби шуморо даъват карданам он аст, ки дирӯз касе ба ӯ хабари марги модарашро расонидааст ва ин ӯро дубора қариб ба доми марг афтонда буд.
-Ман медонам, ки ӯ кист!-Бо ҷаҳл садо кард Садоқат,-Ин кори ҳамон духтари бероҳа аст, ки Муртазоро ба ин ҳол овард….
-Ман намедонам кори кист ва ҳоло тафтиш карда истодаам, ки ин хабари шумро кӣ расонд,-худро ба нодонӣ зад доктор,-Шумо бояд коре карда ӯро аз ин ҳолат бароред. Барои ин пеш аз ҳама занаш ва писараш кӯмак карда метавонанд..
-Чӣ тавр?-пурсид Фирӯз
-Инашро ман баъдтар мегӯям. Ҳоло бодиққат ба ман гӯш диҳед...
***
Шафоат даррав мошини Фирӯзро, ки дирӯз дар саҳни ҳавлии бемористон дида буд ва ба он Садоқат ва модараш савор шуданд, шинохта, зуд яктараф нишаст ва худашро аз чашми онҳо пинҳон кард. Азбаски онҳо саросема буданд, ба тарафи ӯ нимнигоҳе ҳам накарда, ҷониби даромадгоҳ равона шуданд.
“Чаро онҳо саросемаанд? Наход ягон гап шуда бошад? Шояд аҳволи Муртазо бад шудаасту барои ҳамин онҳоро ба бемористон даъват кардаанд... Ана оқибати кори ман. Наход Муртазо мурда бошад? “ ин андешаи ногаҳонӣ мисли барқ ба майнаи духтар зад ва ӯ парида аз ҷояш хесту ба тарафи даромадгоҳ давид...
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)