Ҷасади Гулҳавас Шоҳмирзоеваи 33-солае, ки ҳамроҳ бо аҳли оилааш дар дарё ғарқ шуда буд, дар минтақаи Зарафшон ёфт шуд.
Бинобар иттилои КҲФ, ин ҳодисаи мудҳиш рӯзи 14-августи соли равон рух дода буд. Як узви хонавода аз деҳаи Машхевади ноҳияи Айнӣ бо заврақи худсохт ният карданд, ки дарёро убур кунанд, аммо нияташон амалӣ нагашту дар дарё ҳамакаса ғарқ шуда буданд.
Аз он рӯз то инҷониб ҷасади онҳо аз ҷониби КҲФ дар кофтуков буд. Наздик ба шоми рӯзи 31-август ба наҷотдиҳандагони КҲФ муяссар гардид, ки дар ҳудуди маркази ноҳияи Айнӣ, соҳили дарёи Зарафшон, мавзеи зеристгоҳи барқи ҷасади ҷавонзани 33-соларо пайдо кунанд.
Ҷасади узви боқимондаи хонавода, аз ҷумла Шомирзоев Исмоил соли таваллудаш 1959, Наврузов Пурдил соли таваллудаш 2018, набераи Шомирзоев И, Наврузов Пурдил соли таваллудаш 2018, набераи Шомирзоев И ва Пирова Наврузмо соли таваллудаш 1990, келини оила ҳанӯз аз ҷониби кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мудофиаи гражданӣ дар ҳолати ҷустуҷӯй қарор дорад.