Субҳи имрӯз дар саҳифаи фейсбукии сухангуи Вазорати маориф Эҳсони Хушбахт хабардар мавриди фавти ду наздиконаш нашр шуд. Тоҷиддин ва Маъруф сокини шаҳри Ҳисор буда, ҳардуяшон аз як хонаводаанд. Ин ду бародар дар Федератсияи Русия ба садамаи хунин дучор шуда, дар натиҷа ҳардуяшон ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯйи навор дида мешавад, ки ронандаи мошини тамғаи “Волга ГАЗ-24” бе ишораи огоҳикунандаи гардиш хост дар канори роҳ автомобилро нигоҳ дорад, дар ин ҳангом ронандаи мотосикл, ки аз пушти он мошин ҳаракат дошт, тавозунро гум карда, ба қисми рости мошин бархурд ва сарозер рафт.
Падару модари пири ин ду бародар дар интизори интиқоли ҷасди онҳо аз Маскав ба Тоҷикистон ҳастанд.