arzon replenishment
“Каша” ба кӯдакон фоида дорад ё зарар?
579

Салом! Ман модари танҳо ва соҳиби 3 фарзанд ҳастам. Шавҳарам дар садамаи нақлиётӣ вафот карда, 3 фарзандамро ба танҳоӣ ба воя расонида истодаам. Духтарчаи хурдиам нав яксола шудааст. Азбаски нархи шир гарон аст, мехоҳам ӯро ба каша гузаронам, аммо баъзеҳо мегӯянд, ки ба кӯдак фақат каша диҳӣ, рӯдаҳояш иллат пайдо карда, касалӣ мешавад. Оё дар ҳақиқат чунин аст? Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед, духтарчаамро ба каша гузаронам ё не?

ГУЛНОРА, сокини шаҳри Ваҳдат

Посух:

- Баҳсу мунозираҳо дар бораи шавла, яъне каша хеле зиёданд. Бархе мегӯянд дар таркиби шавлаи аз овсянка тайёршуда кислотаи фолиевӣ зиёд буда, кӯдакро ба бемории рахит гирифтор карда метавонад, вале дар асл чунин нест. Шавла барои кӯдак муфид аст ва тифлакон бояд намудҳои гуногуни шавларо истеъмол намоянд, вале дар баробари он ба кӯдак боз ғизоҳои дигарро низ додан лозим аст. Ғизои тифли яксола бояд гуногун ва сервитамин бошад, то ки организмаш хуб рушд намояд. Дар наҳорӣ ба кӯдак шавла диҳед. Ярмаи бомазза рӯдаҳои кӯдакро ба кор дароварда, фаъол мегардонад. Шавла хеле осон ҳазм мешавад ва алакай баъди се соат шумо метавонед ба фарзандатон ғизои дигар, масалан картошка ё сабзии дар шӯрбо пухташударо майда карда диҳед ё йогурт хӯронед. Пюреҳои мевагӣ низ ба кӯдакон фоида доранд, чунки дар таркибашон витамину минераҳои бисёре дошта, барои рушди организми тифлакон ёрӣ мерасонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД