Омӯзгорӣ касби пуршараф ва масъулиятноки ҷомеа ба ҳисоб меравад. Омӯзгор на танҳо илму дониш медиҳад, балки дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, ахлоқ, маърифат ва ояндаи шогирдон низ саҳми арзанда мегузорад. Дар миёни омӯзгороне, ки солҳои зиёд умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидаанд, номи Абдуқаҳҳор Ҳалимов бо эҳтиром ёд мешавад.
Абдуқаҳҳор Ҳалимов соли 1959 дар деҳаи Қалъачаи Калон, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Аз хурдӣ муҳити оила ба ҷаҳонбинии ӯ таъсири калон расонида, муҳаббаташро ба илму дониш ва касби омӯзгорӣ бештар гардонидааст.
Соли 1977 Абдуқаҳҳор Ҳалимов ба факултаи математика ва физикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил шуда, соли 1982 онро бомуваффақият хатм менамояд. Пас аз гирифтани маълумоти олӣ фаъолияти меҳнатияшро дар соҳаи маориф оғоз мекунад. Аз соли 1982 то соли 1994 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51, воқеъ дар деҳаи Ободӣ, ба ҳайси омӯзгор фаъолият намуда, дар таълиму тарбияи хонандагон саҳми арзанда мегузорад.
Аз соли 1994 фаъолияти минбаъдаи худро дар МТМУ №7 ба номи Мирзо Ҳабибов, воқеъ дар деҳаи Қалъачаи Калон, идома медиҳад. Аз соли 1995 то соли 2000 ӯ вазифаи ҷонишини директор оид ба синфҳои ибтидоиро ба уҳда дошта, дар ташкили раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таълим саҳми назаррас мегузорад.
Яке аз хусусиятҳои муҳими фаъолияти Абдуқаҳҳор Ҳалимов муносибати навоварона ба дарс мебошад. Ӯ дар ҷараёни таълим пайваста аз усулҳои наву самаранок истифода бурда, мекӯшад, ки дарс барои хонандагон ҷолибу фаҳмо бошад. Ба андешаи ӯ, омӯзгор бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯ бошад, дониш ва маҳорати худро такмил диҳад ва вобаста ба талаботи замон усулҳои таълимро тағйир диҳад.
Дарсҳои омӯзгор бо омодагии хуб, истифодаи усулҳои гуногуни таълим ва ҷалби фаъоли хонандагон ба раванди дарс фарқ мекунанд. Ӯ ба қобилияту истеъдоди ҳар як шогирд таваҷҷуҳ намуда, барои рушди зеҳнӣ ва маънавии онҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Маҳз ҳамин муносибати масъулиятнок ва эҷодкорона боис мегардад, ки шогирдони ӯ ба донишомӯзӣ бештар шавқ пайдо намоянд.
Натиҷаи фаъолияти босамари омӯзгорро, пеш аз ҳама, дар дастовардҳои шогирдон дидан мумкин аст. Шогирдони Абдуқаҳҳор Ҳалимов дар озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, донишу маҳорати худро санҷидаанд. Иштироки хонандагон дар чунин чорабиниҳо нишон медиҳад, ки омӯзгор барои ошкор ва рушди қобилиятҳои онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Барои омӯзгор муваффақияти шогирд аз ҳама дастоварди бузургтар аст. Зеро ҳар як пирӯзӣ ё пешрафти хонанда самараи меҳнати омӯзгор, заҳмати худи шогирд ва дастгирии пайвастаи онҳоро инъикос мекунад. Абдуқаҳҳор Ҳалимов низ дар фаъолияти чандинсолаи худ барои тарбия намудани шогирдони донишманд, фаъол ва соҳибистеъдод саҳми худро гузоштааст. Абдуқаҳҳор Ҳалимовро метавон аз ҷумлаи омӯзгорони соҳибтаҷриба ва навоваре донист, ки умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст.
Абдуғаффор ШОДИЕВ