Маҳсулоти лозима:
700 грамм картошка, 3 қошуқ равғани зайтун, сирпиёз, шибит, мурч, намак.
Тарзи таҳия:
Картошкаро ба таври наргисӣ реза карда, дар оби ҷӯшон 10 дақиқа нигоҳ доред. Тафдонро ба ҳарорати 230 дараҷа тасфонида, ба лаълии он равған молед. Картошкаро аз об гирифта, бо сачоқ хушконед ва ба он равғану намаку мурч илова карда, ба лаълии тафдон як қабат тунук кунед. Картошка фриро муддати 20 дақиқа пухта, бо белча чаппагардон кунеду боз 10 дақиқаи дигар пазед.