arzon replenishment
КАРОНАВАК ТОҶИКОНРО АЗ КОРОНАВИРУС ҲИМОЯ МЕКУНАД
1388


Коронавирус ҳамоно панҷаҳои даҳшатнокашро аз гулӯи банни башар раҳо карданӣ нест. Тоҷикистон тавонист ин вабои асри навро мағлуб созад, вале паҳншавии намуди нави ин бемории хатарнок дар як қатор кишварҳои ҷаҳон моро ҳушдор медиҳад, ки ҳушёриро ҳаргиз аз даст надиҳем. Яке аз роҳҳои беҳтарини мубориза бо Ковид-19 ин албатта эмгузаронӣ аст.

Кишвари ҳамсояамон Чин тасмим гирифтааст, ки ба таври ройгон ба Тоҷикистон 150 ҳазор вояи воксинаи “Каронавак” диҳад. Дар ин бора сардори Раёсати санитарӣ-эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфарв ба Sputnik хабар дода, таъкид кардааст, ки ин тавофуқ дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба миёни роҳбарони ду кишвар ҳосил шудааст. Дар назар аст, ки кишвари Чин ин миқдор воксинаро омода месозад ва Ҳукумати Тоҷикистон барои интиқоли он нақлиёти ҳавоӣ фарҳам меорад.
Ваксинатсия ба муқобили коронавирус дар Тоҷикистон аллакай оғоз ёфта, то имрӯз беш аз 35 ҳазор нафар эмгузаронӣ карда шудаанд. Бештари афроде, ки воксинаи зидди коронавирусро гирифтанд, кормандони бахши тандурустӣ ва соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, ҳамчунин шаҳрвандони синну солашон аз 60-сола болост.

Маҷмӯан дар кишвар бояд 6млн 714 ҳазор нафар эм карда шаванд ва аз ин теъдод 1, 8 миллион нафар воксинаро аз ҳисоби кӯмакҳои башардӯстона мегиранд.

Қаблан ЮНИСЕФ ва Созмони ҷаҳнии беҳдошт ҳамчун кӯмаки башардӯстона 192 ҳазор вояи ваксинаи “АстраЗенека”-ро ба Тоҷикистон фиристода буданд. Дар мавриди ворид намудани воксинаи русии “Спутник V” гуфтушунидҳо байни Россия ва Тоҷикистон идома доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД