Formula novemver 2024
Карамшӯрбои мурғӣ
27.12.2024
ОИЛА.ТҶ
431

Маҳсулоти лозима:

600 грамм гӯшти мурғ, 3 л об, 4 дона картошка, 1 дона сабзӣ, 1 дона пиёз, 2 қошуқ равғани растанӣ, 300 грамм карам, намак, мурч.

Тарзи таҳия:

Мурғро дар дег муддати 45 дақиқа пазед ва баъди хунук шуданаш, реза кунед. Картошкаро ба шӯрбо андохта, 10 дақиқа пазед. Сабзиро аз турбтарош гузаронида, пиёзро реза карда, ҳардуяшро дар равғани тоба 4 дақиқа зирбонед ва ба шӯрбои мурғӣ андохта, 7 дақиқа пазед. Карамро реза карда, ба шӯрбо илова кунеду онро 5 дақиқаи дигар пазед. Агар карам сахт бошад, то мулоим шуданаш пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД