arzon replenishment
Кӯҳансолтарин сокини сайёра вафот кард
1110


Люсил Рандон, ки куҳансолтарин сокини сайёраи Замин эътироф гашта буд, шаби сешанбе дар синни 118-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора хабаргузории Франс Пресс бо такя ба намояндаи хонаи пиронсолон хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, марг дар ҳолати хоби ин зани дарозумр рух додааст.
Люсил Рандон 11-феврали соли 1904 дар Фаронса таваллуд шуда, 26-апрели соли 2022 куҳансолтарин сокини сайёра эътироф шуда буд. Агар умр вафо мекард, имсол ин зан ба синни 119 солагь расида, дубора сокини кӯҳансолтарини сайёра эътироф мешуд.
Люсил Рандон тамоми ҳаёташро ба хизмати худо бахшида, аслан шавҳар накардааст. Вай аз овонӣ ҷавониаш ба калисо рӯй оварда, дар синни 41-солагӣ роҳиба шуд. Ин зан муддати 28 сол дар беморхонаи Вичи кор карда, ба ятимон ва пиронсолон кӯмак мекард. Дар соли 1979 Люсил ба хизмати монастир дар Савой дохил шуд.

Аз соли 2009 Люсил Рандон дар хонаи пиронсолон дар Тулон зиндагӣ мекард. Рӯзи сешанбе марги нобаҳангом дар ҳолати хоб ӯро аз ин олам бурд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД