Нашриёти «Орван»-и Теҳрон маҷмуаи ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоиро таҳти унвони «Каманди зулф» бо ҳуруфоти форсӣ аз чоп баровардааст.
«Каманди зулф» бо тавсияи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба табъ расида, дар он шеърҳои эҷоднамудаи Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ, ки ҷаҳони зани муосири тоҷикро бозгӯйӣ менамоянд, гирд оварда шудаанд. Ашъори маҷмуа фарогири мавзуҳое ба мисли Ватан, зан, ишқу муҳаббат ва зебоӣ мебошанд.
Бино ба иттилои Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, маҷмуаи «Каманди зулф» бо сухани муқаддимавии раиси ин созмон, доктор Муҳаммад Ҳасан оғоз гардида, зимни он чунин гуфта шудааст: «Шеъри Зулфия Атоӣ - Шоири халқии Тоҷикистон садои занест, ки дилро дар оинаи ҷаҳон нигариста ва аз захмҳову шукуфаҳо ҷодуи тоза офаридааст. Вожагони ӯ чун парандае бар фарози солҳо пар мекушоянд; гоҳе насими ноз аст, гоҳе оташи фарёд ва ҳамеша ҳақиқатест, ки аз умқи ҷон бармеояд. Хондани ин дафтар қадам задан дар роҳравест, ки дар он ҳар байт чароғе рӯшан мекунад, ҳар шеър дасте бар шонаи инсон мениҳад ва ҳар калима занеро, ки дар ҷаҳон истодааст, бо қомати нур тасвир месозад».