Калянкашӣ миёни наврасон авҷ гирифтааст
164

Кашидани чилим ё ба истилоҳи имрӯза калян ва истифодаи сигорҳои электронӣ дар байни наврасон авҷ гирифтааст.

Бино ба маълумоти расмии мақомот, соли равон 115 ҳолати истеъмоли чилим ва сигорҳои электронӣ аз сӯи наврасон дар мактабҳои Душанбе ва атрофи он ошкор карда шуда, волидони чунин ноболиғон барои иҷро накардани уҳдадориҳои худ дар таълиму тарбияи фрзандонашон тибқи моддаи 90-и КҲМ ҷазо гирифтаанд.

Раёсати ВКД аз афзоиши истифодабарии “калян” ва сигорҳои электронӣ аз ҷониби наврасон изҳори нигаронӣ намуда, аз аҳли ҷомеа даъват кардааст, ки наврасонро зери назорат гирифта, онҳоро ба омӯзишу илму дониш ва машғул шудан ба варзиш ҷалб намоянд. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД