Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба мардуми аз заминларза осебдида калиди хонаҳои навро супорид.
Гуфта шуд, ки калиди манзилҳои нав ба сокинони деҳаи Белпинори ноҳияи Нурдагии вилояти Ғозионтепа, деҳаҳои Местхююк, Туркоглу ва ӯзбекҳои вилояти Қаҳрамонмараш супорида шуд.
Инчунин, хонед:
КАДОМ СИТОРАҲОИ ТУРК ДАР ЗАМИНЛАРЗА ПАЙВАНДОНАШОНРО АЗ ДАСТ ДОДАНД?
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ҳамзамон, шаҳрвандонро бо Иди Фитр табрик намуда, гуфт, пас аз 15 рӯзи заминларзаи шадиди рӯзи 6 феврал таҳкурсии хонаҳои нав гузошта шуда, дар минтақаи офати табий 507 ҳазор бино ва 143 ҳазор хонаҳои шахсй сохта мешаванд, ки аз ин теъдод 319 ҳазораш дар давоми як сол ба истифода дода мешавад. Аллакай таҳкурсии қариб 60 хазор хона гузошта шуда, кор бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.
“Вазифаи мо он иборат аст, ки шаҳрвандони аз заминларза осебдидаро ба зудӣ ба хонаҳои наву замонавии бо тамоми шароитҳои зарурии зиндагӣ таъмин кӯчонем»- таъкид кардааст президенти Туркия.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон қайд кардааст, ки инфрасохтори тамоми шаҳру деҳоти минтақаи офатҳои табиӣ нав карда мешавад. Дар ин замина чанд барномаи давлатӣ қабул шудааст, ки яке аз онҳо додани қарзҳои бефоиз ба кишоварзон аст.
Инчунин, хонед:
Таъкид шудааст, ки иловатан ба 50 ҳазор бинои баландошёнаи пешбинишуда дар Ғозионтеппа боз 50 ҳазор хонаи дигар сохта мешавад.