Агар одам дар моҳи Рамазон се рӯз бе узр рӯзаашро хӯрад, ҳатман 6 моҳ рӯзаи каффорат гирифтанаш лозим меояд?
Асалбегим, шаҳри Панҷакент.
Посухи домулло Ҷамолидин Хомӯшӣ
Аллома Қозӣ Саноуллоҳ дар китоби «Мо лобуда минҳу» чунин овардааст:
«Агар дар як Рамазон рӯзаи чандрӯзаро фосид кунад, дар сурате, ки барои рӯзи аввал ё дуюм каффорат надода бошад, барои ҳамаи рӯзҳо як каффорат кофист, вале каффорат аз ду Рамазон лозим бошад, каффорати ҳар Рамазонро ҷудогона мепардозед.»
Ба саволатон ҷавоб чунин аст, ки шахси чанд рӯзи Рамазонро хӯрда, бояд 60 мискинро таъом диҳад ё пайи ҳам ду моҳ рӯза дорад. Ин каффорат аст, илова бар ин, бояд 3 рӯз рӯзаи қазоӣ дорад.