Ҷойи пӯшида нест, ки мардуми мо барои ба боварии касе даромадан қасам мехӯранд. Мехостам фаҳмам, ки чанд намуд қасам вуҷуд дорад ва ҳар яки он чӣ гуна кафора дорад. Агар тарки кафора кунем, чӣ ҳукме моро интизор аст?
Д. Ганҷов, н. Данғара
Бародари азиз, аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ қасам се қисм дорад, ки он ҳам қасами мунъақид, қасами йамус ва қасами лайв. Ҳар яке аз ин навъҳо дорои суратҳои хос аст, ки дар китобҳои фиқҳӣ зикр шудаанд.
Агар лафзи қасам аз навъи қасами мунъақид бошад, баргардонидани он имкон надорад. Дар ҳолати шикастани қасам вобаста ба лафзи он кафора лозим мешавад ва ё ҷазо воқеъ мегардад. Масалан, агар касе савганд ёд кард, ки “фалон амалро анҷом намедиҳам”, вале пас аз чанде он амалро анҷом дод, дар ин ҳолат қасамаш мешиканад ва бар ў кафора лозим мегардад
Кафораи қасам ин аст, ки даҳ нафар фақирро наҳору шом ғизо бихўронад ё ба ҳар нафар фақире ним ман гандум (2 кг) ё як ман (4 кг) ҷав ё қимати онро бидиҳад, ё даҳ мискинро либос бипўшонад, агар бар яке аз инҳо қодир набуд, се рўз рўза бигирад.
Агар касе савганд ёд кард, ки “агар фалон корро анҷом диҳам, занам талоқ бошад”, пас, агар он корро анҷом диҳад, ҳамсараш талоқ мешавад.