Маҳсулоти лозима:
1 адад каду, 2 дона пиёз, 1 қошуқча равғани маска, 100 грамм панир, 2-3 қошуқ қаймоқ (сметана).
Тарзи таҳия:
Кадуро аз дилааш тоза карда, хурд реза кунед. Кадуи порашударо дар об муддати 5-6 дақиқа дар оташи паст пазед. Баъдан, обашро полонида, пиёзро реза кунед. Равғанро дар тоба тафсонида, пиёзро бирён кунед. Ба тоба равғани маска молида, кадуро чинеду аз болояш пиёз ва панири аз турбтарош гузаронидашударо пошед. Хӯрокро дар тафдон муддати 15-20 дақиқа, дар ҳарорати 190 дараҷа пазед.