Домуллои муҳтарам, беҳтарин занҳо дар назди Худованд кадоманд ва ин тоифа занҳо чӣ гунаанд?
Шоира Назирова, ш. Душанбе
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Аз нигоҳи ҳадисҳои Муҳаммад (с) маълум аст, ки беҳтарин занҳо дар назди Худованд занҳое ҳастанд, ки намозҳои худро мехонанд, рӯзаҳои худро мегиранд ва итоати шавҳари худро ба ҷо меоранд. Худованд гуфтааст, ки ба чунин тоифаи занҳо 8 дари ҷаннат ба рӯйяшон кушода аст.