Arzon admin
Кадом витаминҳо барои пӯсти рӯй муфиданд?
796

Дар ҳавои гарм аз нури офтоб пӯсти рӯй месӯзаду доғ мезанад, хушк мешавад ё ҳаргуна доначаҳо мебарорад. Тез-тез бо собун рӯй шустан низ боиси хушкшавии пӯст гашта метавонад. Аз ҳамин хотир, дар ин давра пӯст ба нигоҳубини махсус ниёз пайдо мекунад. Барои ҷавон ва зебо мондан пӯстро бо маводи ғизоӣ ва витаминҳои зарурӣ таъмин кардан лозим аст.

Кадом витаминҳо барои пӯст лозиманд?

Аз сабаби норасоии витаминҳо пӯсти рӯй хушк мегардад ва пӯст мепартояд, бинобар ин, мушкилиро бояд бартараф намуд. Вобаста ба ҳолати пӯстатон метавонед муайян кунед, ки кадоме аз витаминҳо ба пӯсти рӯйи шумо бештар лозиманд:

Витамини A, ретинол - таъсири зидди илтиҳобӣ дорад, кори ғадудҳои равғанро ба эътидол меорад, барқарорсозӣ ва истеҳсоли коллагенро тезонида, ба ҷавоншавии пӯст мусоидат мекунад;

Витамини B1, тиамин - пиршавӣ ва ожанги рӯйро пешгирӣ мекунад;

Витамини B5, кислотаи пантотеникӣ - пӯсти рӯйро аз доғ ва ожанг тоза мекунад;

Витамини B6, пиридоксин - дар табобати бемориҳои пӯст самаранок аст;

Витамини B9, кислотаи фолий - барои халос шудан аз акне кумак мекунад;

Витамини B12, цианокобаламин - пӯсти рӯйро ҷавон мекунад;

Витамини D - пӯстро аз пиршавӣ нигоҳ медорад;

Витамини E, токоферол - аз нурҳои ултрабунафши офтоб муҳофизат мекунад;

PP, niacin - пӯстро аз гармою сармо муҳофизат мекунад, ранги пӯсти рӯйро сафед мекунад;

H, биотин - пӯсти хушкро равғанӣ мекунад.

Витаминҳо вобаста ба вазъи саломатӣ, талаботи организм ва ҳатто фасли сол истифода бурда мешаванд.

Барои беҳтар кардани пӯсти рӯй аз витаминҳои самарабахш истифода баред. Ба пӯсти рӯй ҳаргуна малҳаму кремҳоро намолед, зеро пӯсти рӯйро хушк мекунанд. Зиёдтар аз витаминҳо истифода баред, он гоҳ ҷавону зебо мемонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД