arzon replenishment
Кадом рангҳо дар мӯданд?
2004

Институти амрикоии "Pantone" чанде қабл барои тобистони соли ҷорӣ ранги мӯдро интихоб кард.

Он дар ҳамаи намоишҳои либос, пойафзол, дизайни хона ва дигар лавозимоти зиндагӣ истифода мешавад.

Ҳамасола дар намоишгоҳҳои мӯд Институти амрикоии "Pantone" барои соли оянда вобаста ба вазъият ва хоҳиши одамон ранг интихоб мекунад. Мувофиқи анъана маҷмуи интихоби рангҳо 10 ранги равшан ва 5 ранги ором аст.

Ранги асосие, ки ин сол интихоб шуд, тамашкии амиқ аст. Ин ранги меваи табиат ҷазоб, дилкаш ва ниҳоят нарм аст. Либосҳои, ки бо ранги тамашкӣ омода шудаанд, ниҳоят чашмрасанд. Он хушсалиқа ва зиндадил будани касро нишон медиҳад. Он миёни рангҳои сард ва гарм қарор мегирад.

Дувум ранги мӯди имсола сурхи баланд аст. Ҳангоми ба бар кардани либоси сурхи баланд он ба шахс бо ҷасорат ва қуввату пурэнарҷӣ буданро нишон медиҳад. Ин рангро бо рангҳои гулобӣ зарди афлесунӣ ва сабз ҳароҳ намудан мумкин аст.

Барои мулоқотҳои романтикӣ метавон аз ранги гулобии хрусталӣ истифода намуд. Он сабук, шафоф ва нарм аст. Агар ҳамроҳи ин ранг руймоли сабук дар гардан, куртаи кӯтоҳи алвонҷхуранда ва ё домани кӯтоҳ ба бар намоем, зебо ва дилкаш ба чашм мерасад.

Бунафш низ дар қатори рангҳои исола пешқадам аст. Он на танҳо дар гармо, балки фасли сарди сол низ истифода хоҳад шуд. Азбаски чандин даҳсола аст, ки ҷинс аз мӯд намеравад, ранги бунафш бо низ созгор меояд.

Дар олами мӯд аз соли гузашта ранги афлесунӣ ба мо мерос монд. Онро бо рангҳои сабз, хокӣ, кабуд ва бунафш метавон ороиш дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД