Зебоии мӯй танҳо ба ирсият ё обу ҳаво вобаста нест. Одатҳои ҳаррӯзаи мо низ ба саломатӣ ва намуди зоҳирии мӯй таъсири калон мерасонанд. Мутахассисони соҳаи зебоӣ таъкид мекунанд, ки баъзе рафторҳои оддӣ метавонанд мӯйро заиф, хушк ва ҳатто сабаби рехтани он гарданд. Пас, кадом одатҳо ба мӯй бештар зарар мерасонанд?
Яке аз хатогиҳои маъмул – кам шона кардани мӯй аст. Шона кардан танҳо тартиб додани мӯй нест, балки як навъ масҳи пӯсти сар мебошад. Ин амал гардиши хунро беҳтар карда, решаи мӯйро ғизо медиҳад ва ба афзоиши он мусоидат мекунад.
Бисёриҳо барои дароз кардани мӯй аз қайчӣ кардани нӯгҳои он худдорӣ мекунанд. Ин хатои ҷиддӣ аст. Нӯгҳои шикастаи мӯй боиси печидан ва шикастани мӯй мегарданд. Агар дар чанд вақт нӯгҳои мӯйро каме кӯтоҳ кунед, мӯй солимтар ва зеботар мемонад.
Одате, ки бисёриҳо аҳамият намедиҳанд, пайваста даст расондан ба мӯй ё печонидани он ба ангуштон аст. Ин амал мӯйро зуд равғанин мекунад ва метавонад ба решаҳо зарар расонад. Бо мурури вақт ин ба рехтани мӯй оварда мерасонад.
Ҳамчунин бастани мӯй ба шакли хеле сахт, мисли думи баланд ё гулӯлаҳои танг, ба решаҳо фишори зиёд меорад. Дар натиҷа, мӯй заиф шуда, тадриҷан мерезад. Беҳтараш мӯйро озодтар ва мулоим бандед.
Шустани нодурусти сар низ ба мӯй таъсири манфӣ дорад. Бархе гумон мекунанд, ки ҳар қадар камтар сарро бишӯянд, ҳамон қадар беҳтар аст. Аммо равған, чанг ва боқимондаҳои воситаҳои ороишӣ дар пӯсти сар ҷамъ шуда, ба решаҳо зарар мерасонанд. Ин ҳолат метавонад боиси хориш ва суст шудани афзоиши мӯй гардад.
Истифодаи зиёд аз шампунҳои хушк низ тавсия намешавад. Онҳо танҳо равғанро ҷаббида, мӯйро муваққатан тоза нишон медиҳанд, вале пӯсти сарро пок намекунанд ва нафаскашии онро маҳдуд месозанд.
Баъзеҳо барои сарфа кардани вақт бо бигудӣ мехобанд. Ин одат ҳам ба сифати хоб ва ҳам ба саломатии мӯй таъсири бад мерасонад. Фишори доимӣ ба решаҳо метавонад онҳоро заиф созад.
Ниҳоят, ғизои нодуруст низ яке аз сабабҳои асосии суст шудани мӯй аст. Норасоии сафеда ва оҳан дар организм боиси борик ва заиф шудани мӯй мегардад. Барои нигоҳ доштани зебоӣ, истеъмоли ғизои солим ва мутавозин хеле муҳим аст.
Дар ёд дошта бошед: нигоҳубини дуруст ва дурӣ аз одатҳои зараровар калиди мӯйи солим, зебо ва пурҷило мебошад.