1xbet
Кадом ҳайвонро қурбонӣ кардан савоб аст?
06.06.2025
Oila.tj
289

Аз ҳамсари дӯстдоштаи пайғамбарамон Бибӣ Оиша (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Рӯзи ид фарзанди Одам ҳеҷ амале маҳбубтар аз рехтани хуни қурбонӣ дар назди Худованд анҷом надодааст. Ҳайвони қурбонӣ рӯзи қиёмат бо шоху пашм ва мӯю суми худ дар паллаи ҳасаноти соҳиби худ қарор мегирад ва хуни қурбонӣ қабл аз ин ки бар замин бирезад, мақбули Худованд мегардад. Пас аз самими қалб ҳайвони хуберо қурбонӣ кунед».

Чаҳор навъ ҳайвоноти ҳалолгӯшти аҳлӣ (хонагӣ) барои қурбонӣ ҷоиз аст: Гӯсфанд, буз, гов ва шутур. Нар ё мода будани мол фарқ надорад. Ҳайвони Қурбонӣ бояд солим, фарбеҳ ва бенуқсон бошад. Синни буз ва гӯсфанд на камтар аз як сол бошад. Барраи шашмоҳаро қурбонӣ кардан ҷоиз аст, ба шарте, ки бинанда аз яксола фарқаш накунад. Синни гови қурбонӣ бояд дусола бошад. Камтар аз ин ҷоиз нест. Синни шутури қурбонӣ набояд аз панҷ сол кам бошад.

Гов ё шутурро аз ду то ҳафт нафар бо ҳам шарик шуда, қурбонӣ кунанд, ҷоиз аст, аммо беҳтар он аст, ки пеш аз харидан нияти шарик шудан кунанд. Нияти касоне, ки бо ҳам шарик шуда қурбонӣ мекунанд, бояд ризои Худои таъоло бошад, агар яке аз шарикон ба хотири гӯшт хӯрдан шарик шавад ва нияташ қурбонӣ набошад ё яке аз шарикон мусулмон набошад ва дигарон дониста ӯро шарики худ интихоб намоянд, қурбонии ҳама ҷоиз намешавад.

Гӯшти қурбониеро, ки дар он чанд нафар якҷоя шариканд, бояд одилона ва бо тарозу тақсим намоянд. Тахминӣ тақсим кардан ҷоиз нест. Калла, поча, дил, ҷигар ва пӯсти он ҳайвонро низ бояд тақсим намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД