Маҳсулоти лозима:
250 грамм гӯшти гӯсфанд, 25 грамм думба, 30 грамм сиркои май, пиёз, кабудӣ, намак, мурч.
Тарзи таҳия:
Гӯшти гӯсфандро бо чарбуяш реза карда, бо намаку мурч, сиркои май (винный уксус) омезиш диҳед ва дар ҷои сард 2 соат нигоҳ доред. Ба деги тасфон равғани резаи думбаро бо гӯшти гӯсфанд андохта, дар оташи паст 15-20 дақиқа даҳони дегро маҳкам карда, бирён кунед. Кабоби тайёрро ба табақ бардошта, кабудӣ пошеду каме сирко илова кунед.