Имрӯз сарояндаи маҳбуб, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Афзалшо Шодиев зодрӯз дорад. Ин ситораи санъат дар ҳамин рӯзи соли 1962 дар деҳаи Ғусари шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст.
Ӯ таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, соли 1979 пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуда, факултаи мусиқӣ ва сурудро бо сари баланд хатм кардааст.
Афзалшо Шодиев баъди хатм ба Театри давлатии академии опера ва балет ба номи С. Айнӣ ба кор даромад. Дар он ҷо як сол кор карда, баъдан ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор гузашт. Дар ин ҷо зери роҳбарии Зафар Нозимов кор карда, сипас ба Ансамбли рубобчизанон, ки роҳбариашро Маҷнун Баротов ба уҳда дошт, гузашт. Ҳамин тавр, ӯ чил сол дар ин боргоҳ фаъолият намуда, зиёда аз 7 сол роҳбарии онро бар дӯш дошт. Айни ҳол роҳбари ансамбли “Сомон” аст. Ӯ дорандаи ҷоизаи байналмилалии «Хиради миллат» дар соли 2014 мебошанд.
Имрӯз сомонаи “Оила” ин мутриби маҳбубро ба муносибати зодрӯзаш шодбош гуфта, дар бораи рафти таҷлили он ва нақшаҳои ояндааш пурсид. Афзалшо Шодиев гуфт, нимаи рӯз бо фарзандону наберагон милодашро ҷашн гирифта, шомгоҳ бо дӯстони ҳамкоронаш мешинад.
“Аввалин нафаре, ки имсол маро ба зодрӯзам табрик намуд, ҳамсари меҳрубонам аст”, - гуфт овозхон.
Аз идора: Ҳайати эҷодии “Оила” Афзалшо Шодиевро ба муносибати милодаш муборакбод гуфта, барояш тани сиҳату умри дароз таманно дорад.